Ссылки доступа

ИМА ва ИА даргузашти ҳомии ҳуқуқи рус Алексееваро таслият гуфтанд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар робита ба даргузашти ҳомии ҳуқуқи рус ва раҳбари Гуруҳи Ҳелсинкии Москва Людмила Алексеева ҳамдардӣ баён карданд.

Марги собиқадори ҳомии ҳуқуқро ҳамкорони ӯ аз Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия низ таслият гуфтанд. "Ӯ то охирин рӯзҳои умри худ ҳомии ҳуқуқ буд ва воқеан, ҳаёти худро ба дигарон бахшид", - гуфт раиси шӯро Михаил Федотов. "Солҳои тӯлонӣ рамз ва доҳии ҳаракати ҳомии ҳуқуқи Русия буд", - изҳор дошт узви шӯро Николай Сванидзе.

Дар робита ба даргузашти Алексеева сиёсатмадорони мухолифи рус низ ҳамдардӣ баён карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, раисҷумҳур Владимир Путин "мавқеи устувори Людмила Алексееваро дар робита ба бештари масоили ҳаётии кишвар сахт эҳтиром мекард". Путин марги ӯро ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Алексеева аз соли 1960 бо ҳимояти ҳуқуқи инсон машғул буд ва аз соли 1976, замони таъсиси Гуруҳи Ҳелсинкии Москва узви он буд. Вале баъдан дар пайи таъқибҳои мақомоти шӯравӣ маҷбур шуд, ба ИМА муҳоҷир шавад.

Ӯ дар радиоҳои "Садои Амрико" ва "Радиои Озодӣ" барномаҳоеро дар бораи ҳуқуқи инсон пеш мебурд ва бо таърихи дигарандешони СССР низ машғул буд. Алексеева соли 1993 ба Русия баргашт ва моҳи майи соли 1996 раҳбари Гуруҳи Ҳелсинкии Москва интихоб шуд. Борҳо мақомоти Русияро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кардааст.

Людмила Алексеева рӯзи шанбе дар шаҳри Москва дар сини 91 даргузашт.

XS
SM
MD
LG