Ссылки доступа

Дар Туркманистон истифодаи расми хук - рамзи соли нав манъ шуд


Мақомоти Туркманистон ҳамчун ороиши солинавӣ истифода бурдани расми хукро манъ карданд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди манъи истифодаи тасвирҳои хук қарор ё фармони расмие содир нашудааст. Вале дар ҳоли ҳозир, дар ороишҳои шаҳр рамзи соли нав дида намешавад.

"Соли гузашта дар фурӯшгоҳу бозорҳо алакай аз моҳи октябр туҳфа ва ороишҳои солинавӣ бо расми рамзи соли нав - саг ба фурӯш баромада буданд. Вале ҳоло рамзи соли навро дар ягонҷо наметавон пайдо кард", - гуфт хабарнигор.

Чанде пеш президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳукумат хост, шаҳрро дар арафаи соли нав бо шакли миллии туркманӣ ороиш диҳанд. Вале дар мавриди манъи истифодаи расми хук чизе гуфта нашудааст. Нозирони умур набудани ороишҳои солинавӣ бо расми хукро ба фармони эҳтимолии президент дар мавриди манъи истифодаи он рабт медиҳанд.

Бояд гуфт, бештари аҳолии Туркманистон пайрави дини Исломанд.

XS
SM
MD
LG