Ссылки доступа

Назарбоев бовар дорад, "Путин хоҳиши ғасби порае аз Украинаро надорад"


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Русия "Россия 24" гуфт, ки ҳамтои русаш Владимир Путин "хоҳиш"-и ғасби Украинаро надорад.

"Ман медонам, ки Путин, Русия хоҳиши ғасби порае аз Украинаро аз қисмати шарқӣ надоранд. Чаро? Русия дар дунё ҳоло бузургтарин ҳудудро дорад", - гуфт Назарбоев дар мусоҳибае, ки 7 декабр нишон дода шуд. Вай ҳамчунин афзуд, "нигарони Украина аст" ва таманно дорад, ки "муносибатҳои Русияву Украина барқарор шаванд".

Муносибати Москва бо Киев соли 2014 баъди он бад шуд, ки Русия дар моҳи марти ҳамон сол Қримро ғасб кард. Ғасби Қрим баъди сарнагун шудани президенти вақти Украина Виктор Янукович рух дод. Януковичро тазоҳургарони ҷонибдори ба Аврупо наздик шудани кишвар сарнагун карданд. Дар посух ба ғасби Қрим ва роҳандозии низоъ дар шарқи Украина, кишварҳои Ғарб зидди Москва таҳрим ҷорӣ карданд.

Президенти Қазоқистон дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 24" таҳримҳои зидди Москваро бе таъсир унвон кард. "Ҳоло дар шароити таҳримҳо, ки аз Ғарб мерасанд ... мардуми Русия, мисли ҳамеша, неруяшро ҷамъ карда, ба пеш ҳаракат дорад. Ва барои мо ин фоидаовар буд, мо маҳсулоти бештар ба ин кишвар содир мекунем, тиҷорати мо рушд мекунад", - гуфт Назарбоев.

Остона расман Қримро ҷузви Русия эътироф намекунад. Қазоқистон бо Украина муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад ва ҳамзамон шарики наздики Русия аст.

XS
SM
MD
LG