Ссылки доступа

Моликият ва $889 ҳазори ноиб-сарвазири пешини Қирғизистонро ошкор карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон амвол ва маблағҳои берун аз эъломияи ноиб-сарвазири пешини ин кишвар Дуйшенбек Зилолиевро ошкор кард.

Ба иттилои ин ниҳод, бар асоси эъломияи расмӣ, Зилолиев дар солҳои 2011 то 2016 ҳамагӣ 2,5 млн сом (бештар аз 35 ҳазор доллар) даромад доштааст. Даромади ҳамсари вай 408 ҳазор сом будааст. Аммо сарвати мансабдори пешин ба маротиб бештар аз рақамҳои расмӣ аст.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки то моҳи сентябри соли 2018 Зилолиев 889,9 ҳазор доллари берун аз эъломияашро дар яке аз бонкҳои тиҷорӣ нигаҳ доштааст. Ҳамзамон вай чанд манзил ва қитъаи замин дар ихтиёр дошт, ки дар эъломияаш сабт накардааст. Ба иттилои тафтишот, ин амвол ба номи наздикони Зилолиев ва афроди дигар сабт шуда буданд.

Барои мисол, 17 апрели соли 2017 Дуйшенбек Зилолиев ду толорро дар маркази Бишкек ба номи яке аз наздиконаш сабт кардааст. Арзиши онҳо мутаносибан 34 млн ва 19 млн сомро ташкил медиҳад. Ба илова, Зилолиев ҳангоми фаъолият кардан ба ҳайси роҳбари Оҷонсии давлатии геология ва захираҳои табиии Қирғизистон, ба яке аз наздиконаш ғайриқонунӣ иҷозатномаи коркарди кони тилоро додааст.

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон талаб доранд, ки мансабдори пешин манбаи қонунии даромади амвол ва дигар дороияшро собит кунад.

Дуйшенбек Зилолиев айбҳои эълоншударо рад мекунад. Вай ҳангоми берун шудан аз толори додгоҳ рӯзи 9 декабр гуфт, дороияшро пинҳон накардааст ва дар фурсатҳои наздик ҳуҷҷатҳоро дастраси омма мегардонад.

Дуйшенбек Зилолиев дар ғайриқонунӣ додани иҷозаи коркади кон гумонбар мешавад. Ба иттилои мақомот, вай ҳангоми ба ҳайси роҳбари Оҷонсии давлатии геология ва сарватҳои зеризаминӣ кор кардан, чунин иҷозатнома додааст.

Баъди маросими савгандёдкунии президент Сооронбой Ҷеенбеков дар таърихи 24 ноябри соли 2017 нисбати Зилолиев бо моддаи "Хабари бардурӯғ дар бораи терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳ ӯро шартан 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG