Ссылки доступа

Қазоқистон: қарори Кунгураи эътилофи байналхалқии коргарон беасос аст


Федератсияи эътилофи коргарони Қазоқистон бо қарори Кунгураи байналхалқии эътилофи коргарон дар бораи қатъи узвият дар ҷараёни кори кунгура дар Копенҳаген розӣ нест. Чунин изҳорот дар сомонаи Федератсияи эътилофи коргарони Қазоқистон 10 декабр нашр шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки Федератсияи эътилофи коргарони Қазоқистон изҳороти Кунгураи байналхалқии коргаронро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи созмонҳои коргарон ҳимоят мекунад. "Дар моҳи апрели соли 2018 Федератсияи эътилофи коргарон дар робита ба бозбинии ҳукми аъзои зиндонии эътилоф Амин Елеусинов ва Нурбек Кушакбоев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳии Қазоқистон муроҷиат карда буд. Дар пайи талошҳои муштарак бо қарори додгоҳ моҳи май онҳо шартан пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо шуданд", - омадааст дар изҳороти Федератсияи эътилофи коргарон.

Федератсия аз ҳамаи талошҳое, ки барои таъсиси эътилофҳои нави коргарӣ анҷом мешаванд, пуштибонӣ мекунад. Дар ин робита дар пайи сар задани мушкил дар сабти номи Конфедератсияи мустақили эътилофи коргарони Қазоқистон изҳори нигаронӣ шуда буд. Дар ҳамин ҳол Федератсияи эътилофи коргарон мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои Кунгураи байналхалқии коргарон узвияти эътилофи Қазоқистон бидуни риояи Оиннома ва бе назардошти саҳми федератсия дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ва манфиати созмонҳои коргарон қатъ шудааст.

"Федератсияи эътилофи коргарони Қазоқистон чунин тасмимҳоро нодуруст арзёбӣ мекунад ва бовар дорад, ки қатъи узвияти ин эътилоф дар Кунгураи байналхалқии коргарон бо поймолсозии фоҳиши Оинномаи ин кунгура сурат гирифтааст", - омадааст дар изҳорот.

2-7 декабр дар нишасти Кунгураи байналхалқии эътилофи коргарон дар Копенҳаген қарори қатъи узвияти Федератсияи коргарони Қазоқистон гирифта шуд. Ҳамчунин ҳайати федератсия аз ширкат дар кори кунгура маҳрум шуд. Федератсияи эътилофи коргарони Қазоқистон мегӯяд, ин "тасмим одилона нест ва ангезаи сиёсӣ дорад".

XS
SM
MD
LG