Ссылки доступа

Пашинян гуфт, соҳибкории хурдро аз андоз озоду чанд вазоратро барҳам медиҳад


Никол Пашинян, ки эътилофи "Иқдоми ман"-и зери раҳбарии ӯ дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд, як қатор ислоҳотҳоеро ваъда дод.

Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард, ки андоз барои соҳибкории хурд бекору шумори вазоратхона ва идораҳои давлатӣ кам карда шуда, ба онҳое имтиёзи андозӣ дода шавад, ки мехоҳанд, дар Арманистон сармоягузорӣ кунанд. Ҳамчунин "монополияи иқтисодӣ" маҳв карда шавад

"Мо вазоратхонаҳои зиёде дорем, ки баъзе аз онҳоро бояд барҳам дод. Мо тасмим дорем, соҳибкории хурдро аз андоз озод кунем, ки мардум тавонанд коре пайдо карда, барои худ шароити хуб фароҳам кунанд", - изҳор дошт Пашинян дар як нишасти хабарӣ рӯзи душанбе.

"Ҳамчунин Кодекси андозро тағйир доданием, то барои сармоягузорӣ муносиб бошад. Мо бовар дорем, ки соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ ба Арманистон омада, як бахши инқилоби мо хоҳанд шуд. Барои табдили Арманистон аз як кишвари кишоварзӣ ба кишвари технологияҳои баланд кумак хоҳанд кард. Барои ин мо нирӯи корӣ, иродаи сиёсӣ ва фазои муносиби иқтисодиву сиёсӣ дорем", - гуфт ӯ.

9 декабр дар интихоботи порлумонии Арманистон эътилофи "Иқдоми ман"-и иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Никол Пашинян 70,43 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Ҳизбҳои "Арманистони рӯ ба рушд" ва "Арманистони бомаърифат" бо касби мутаносибан 8 ва 6 дарсади раъй вориди порлумон шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ки дар гузашта ҳизби ҳоким буд, ба порлумон роҳ наёфт. Ба ин ҳизб ҳамагӣ 4,7-и сокинон раъй додаанд.

Блок Пашиняна выиграл выборы в парламент Армении
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG