Ссылки доступа

Отамбоев: парвандаҳои зидди Бабанов бояд қатъ мешуданд


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 10 декабр дар суҳбат бо телевизиони "Апрел" гуфт, парвандаҳои зидди вакили пешини порлумони кишвараш Омурбек Бабанов бояд қатъ мешуданд.

Ба гуфтаи вай, суханҳое, ки Бабанов ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ дар "Амир Темур"-и шаҳри Ӯш гуфт, нигаронии бисёре аз сокинонро ба бор овард. "Вале ташхиси баъдии коршиносон нишон дод, ки ин суханҳо дар натиҷаи эҳсосот гуфта шудаанд", - афзуд ӯ.

Отамбоев мегӯяд, Бабанов нишон дод, ки барои ӯ ягонагӣ ва ваҳдати мардуми Қирғизистон муқаддас аст. "Ӯ ба хотири ягонагӣ аз мандати худ даст кашида, кишварро тарк кард. Бинобар ин, зидди ӯ як парвандаи ҷиноии дигар боз шуд. Вале ӯ дар парвандаи Канат Исоев, вакили пешини порлумон ҳеч ҳамдастие надошт", - изҳор дошт Отамбоев.

Президенти пешини Қирғизистон мегӯяд, моҳи марти соли равон вакили порлумони ин кишвар Руслан Қазоқбоев ба назди ӯ рафт. "Ӯ гуфт, натиҷаҳои ташхис ҷамъбаст ва ҳамдастии Бабанов бо Исоев исбот нашуд. Дар назди Қазоқбоев ман ба раиси пешини Кумитаи амнияти Қирғизистон Абдулло Сеғизбоев занг зада, гуфтам, натиҷаҳои ташхис ҷамъбаст шуданд ва парвандае, ки Бабанов дар он даст надорад, бояд қатъ шавад. Вале ӯ гуфт, ин кор каме тӯл мекашад. Сипас ман хостам, ки ҳадди ақал Қазоқбоевро ба ҳузур пазирад ва Қазоқбоев ҳам ба назди Сеғизбоев рафт. Воқеан ҳам бояд парвандаи зидди Бабанов қатъ карда мешуд. Рости гап, ба Бабанов бояд сипос гуфт. Бо гузашти як сол ягон чиз гуфт ё кореро анҷом дод? Оё ӯ кӯшиш кард, сулҳу ягонагиро баҳам бизанад? Ӯ ба суханҳои ману Сооронбой Ҷеенбеков бовар карда, фиреб хӯрд. Бинобар ин, ман худро нороҳат ҳис мекунам", - афзуд Отамбоев.

Зидди Омурбек Бабанов, ки яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шумурда мешуд, ду парвандаи ҷиноӣ боз гашт. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханронии ӯ дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" кушода шуд.

Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз шуд. Худи Бабанов пас аз интихоботи президентии соли 2017 Қирғизистонро тарк карда, гуфт, аз сиёсат канор рафтааст.

XS
SM
MD
LG