Ссылки доступа

Қазоқистон: Чин ба бештар аз 2 ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷ дод


Бештар аз ду ҳазор қазоқтабор метавонанд, аз Чин ба Қазоқистон ворид шаванд. Дар ин бора Айбек Смадиёров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 10 декабр хабар дод.

Онҳо қазоқтаборҳое ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд.

"Ҷониби Чин бо ҳадафи эҳсонкорӣ ба бештар аз ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷро додааст. Инҳо боздоштшудаҳо нестанд, балки касоне ҳастанд, ки наметавонистанд аз Чин хориҷ шаванд", - гуфт намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Дар бораи фишор ба ақалиятҳои қавмӣ дар Чин, аз ҷумла ба қазоқтаборон, аз моҳи апрели соли 2017 ба ин тараф хабар мерасад. Қазоқтаборҳое, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯчидаанд, борҳо аз Остона дархост карданд, ки барои раҳоии пайвандонашон аз Чин, кумак расонад.

Дар бораи нигаҳдории ақалиятҳои миллӣ дар урдугоҳҳо аз сӯи мақомоти Чин созмонҳои байналхалқӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ борҳо гузориш доданд. Мақомоти Чин вуҷуди чунин урдугоҳҳоро дар вилояти Синтзян тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG