Ссылки доступа

Мақомоти рус зани ҳиҷобпӯши тоҷикро таҳдид ба ихроҷ доранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 10 декабри соли 2018. Тазоҳуроти мухолифини тоҷик дар Берлин, Нигаронии кишварҳои ғарбӣ аз баста будани Озодӣ ва Азия -Плюс Муттаҳам дар қатли афсари тоҷик боздош шуд Пирӯзии Никол Пашинян дар интихобот Оилаи тоҷикро барои ҳиҷоб аз Русия ихроҷ мекунанд Паёмади барфу боди шадид дар Амрико. (видео)

- Мақомоти рус зани ҳиҷобпӯши тоҷикро таҳдид ба ихроҷ доранд. (видео)

- Дӯстии Украина бо Русия хотима меёбад. Президенти Украина Петро Порошенко ба қонуне имзо гузошта, паймони дӯстии кишвараш бо Русияро хотима бахшид. (видео)

- Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин (видео)

- Оташсӯзӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои Маскав. Дар натиҷаи оташсӯзӣ дар охири моҳи ноябр дар яке аз истироҳатгоҳҳо дар канори Маскав ду муҳоҷири тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Ҳодиса 24-уми ноябр дар натиҷаи ба ҳам хӯрдани ноқилҳои барқ рух додааст. Видеоро аз тариқи Вотсапп ба мо фиристоданд (видео)

- Дафни 5 узви як хонавода дар Кабкрез. Ҷасади 5 муҳоҷири тоҷик, ки аъзои як хонаводаанд ва дар пай як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Краснодари Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар маҳаллаи Кабкрезӣ Файзобод ба хок супурда шуд (видео)

- Осиё: ҳуқуқи инсон ва миллионҳо қазоқистонӣ бидуни алоқа. Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳимояти ҳуқуқи инсон дар бораи мушкилиҳое хоҳем гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин бахш доранд. Дар Қазоқистон эҳтимол аст, аз 1 январ алоқаи мобилии миллионҳо муштариро қатъ кунанд. Дар Қирғизистон баррасии парвандаи баҳсбарангези куштори Бурулай Турдалиеваи 19-сола ба поён мерасад. (видеои Настоящее время)

- СИЗО бидуни низоми гармидиҳӣ – чи гуна Қазоқистон ҳуқуқи маҳбусонро риоя мекунад. (видеои Настоящее время)​

- Тоҷикистон бидуни коршиносони мустақил. Чи гуна дар ин кишвар ҳуқуқи инсон риоя мешавад. (видеои Настоящее время)

- "Онҳо қурбони сиёсатҳои худ мешаванд". Чи гуна вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ тағйир ёфт. Коршинос ва раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Бир Дуйно Қирғизистон" Толекан Исмаилова гуфт, ки дар умум вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар кадом сатҳ аст. (видео аз Директ)

- Баёнот тариқи шиканҷа – чи гуна ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон риоя мешавад. (видеои Настоящее время)

- Абаев: таъқиб намекунанд. Бар пояи тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни алоқа ва расонаҳои Қазоқистон, то 1 январи соли 2019 ҳамаи муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд рамзи IMEI-и телефонҳои ҳамроҳи худро ба қайд бигиранд. (видео)

- Сухани охирини ҳомии ҳуқуқ Людмила Алексеева. Ҳомии ҳуқуқ Людмила Алексеева – яке аз бунёдгузорон ва раҳбарони Гуруҳи Ҳелсинкии Москва буд. Пеш аз марги худ, ҳангоми дар беморхона буданд, ба ҳамкорону дӯстонаш хитобае навиштааст. (видео аз Директ)

- Руҳан қирғиз. Андрей орзу дорад, ки узви тими мунтахаби кок-бору ё бузкашӣ шавад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG