Ссылки доступа

Арӯсдузди арӯскушро дар Қирғизистон 20 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Марс Бодошевро дар рабудан ва қатли Бурулай Турдаалӣ қизӣ айбдор донист. Бодошев 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамчунин додгоҳ ҳукми мусодираи амволи ӯро содир кард.

Додгоҳ дӯсти Бодошев Акмат Сейитовро ҳам 7 сол зиндонӣ кард.

Рӯзи 10 декабр айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Марс Бодошевро бар асоси моддаҳои "Маҷбур кардани зан ба никоҳ, рабудани зан барои бастани никоҳ ва ё монеъ шудан ба никоҳ", "Куштор" айбдор эътироф кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз додгоҳ хост, Акмат Сейитов "Шарики ҷиноят" эътироф шавад.

27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдаалӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Мард баъдан худро низ захмӣ кард. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 корманди он муҷозот шуда, аз ҷумла, 13 нафар аз мақоми худ барканор гаштанд.

XS
SM
MD
LG