Ссылки доступа

Мария Бутина мумкин аст, ҷосусӣ ба нафъи Русияро эътироф кунад


Мария Бутина, боздоштшудае дар ИМА бо айби ҷосусӣ ба нафъи Русия гуфт, тасмим дорад, нишондодҳояшро тағйир диҳад. Вай пештар аз ин гуфта буд, ки худро бе гуноҳ медонад.

Акнун вай мегӯяд, сабти ном накардани худро ҳамчун ҳомии манофеъ ё лоббигари кишвари хориҷӣ эътироф мекунад. Мақомоти ИМА ва айбдоршаванда ба чунин созиш расидаанд. Мария Бутина гуфтааст, дар назди ҳакамон ҳам чунин баёнот хоҳад дод.

Ҷониби ҳимоя тасмим дорад, аз 11 то 13 декабр муҳокима барпо кунад.

Бутинаро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо созиш бо мақомот мумкин аст, боис шавад, ки ҳукми ӯро кутоҳтар кунанд. Ҳукми додгоҳ соли оянда эълон хоҳад шуд.

Бутина асосгузори ҳаракати "Ҳуқуқ ба силоҳ"-и Русия аст. Ӯро 15 июли соли ҷорӣ дар ИМА боздошт карданд. Вай дар талоши барқарор кардани робитаи пинҳонӣ байни президентҳои Русия ва ИМА айбдор мешавад. Ба иттилои мақомоти ИМА, барои пешбурди манфиатҳои Кремл Бутина тасмим дошт, ба сармоягузорони калидии Ҳизби ҷумҳурихоҳ таъсир расонад.

XS
SM
MD
LG