Ссылки доступа

Муҳлати санҷиши сабабҳои садама дар корхонаи металлургии Қазоқистон боз тамдид шуд


Сабабҳои сар задани садамаи бузург дар корхонаи металлургии "Арселор Миттал Темиртау"-и Қазоқистон, ки шаби 10 ноябр рух дода буд, ҳанӯз маълум карда нашудаанд. Дар ҳоли ҳозир бартараф кардани оқибатҳои садама ва корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Комисияи махсусе, ки бо таҳқиқи қазия машғул аст, тасмим гирифтааст, муҳлати санҷишро то 26 декабр дароз кунад. Ба огаҳии Департаменти амнияти саноатии вилояти Қарағанда, муҳлати санҷиш "ба иллати набудани натиҷаи ниҳоии хулосаи коршиносон дар бораи сабабҳои сар задани садама" тамдид шуд.

Мудири иҷроияи корхона Вадим Басин пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ба хотири пешгирӣ аз рух додани чунин ҳодисаҳо дар оянда бояд сабабҳои садамаро муайян кунанд. Бино ба хабарҳо, пурра бартараф кардани оқибатҳои садама ва корҳои барқарорсозӣ як моҳ тӯл мекашанд.

Ёдрас мешавем, шаби 10 ноябр дар корхонаи мазкур, вақте коргарон аз кор мерафтанд, садама рух дод. Санҷиши сабабҳои сар задани онро комисияи махсус 12 ноябр оғоз кард.

XS
SM
MD
LG