Ссылки доступа

Трамп гуфт, ба хотири девор бо Мексика кори ҳукуматро қатъ мекунонад


Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар 5 миллиард доллари лозимӣ барои бунёди девор дар марз бо Мексикаро натавонад дарёфт кунад, кори ҳукуматро қатъ хоҳад кард.

Конгрессменҳои демократ зидди иқдоми Трамп ва ҷудо шудани пул барои бунёди деворанд. Онҳо розиянд, чаҳор баробар камтар аз оне ҷудо шавад, ки Трамп талаб дорад (1,3 млрд доллар).

Ин таҳдидро Трамп пас аз мулоқоти ӯ бо раҳбарони Ҳизби демократ дар палатаҳои Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ва Чак Шумер кард. Онҳо гуфтанд, зидди бунёди деворанд, вале аз чораҳои амниятӣ дар марз ҷонибдорӣ мекунанд. Агар ҳар ду палатаи Конгресс буҷаро ҷонибдорӣ накунанд, ниҳодҳои давлатӣ маҷбуранд, ки фаъолиятро қатъ кунанд.

Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп бунёди девор дар марз бо Мексика барои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Ӯ моҳи апрел ба нирӯҳои Горди миллии ИМА дастур дод, ки хати марзро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар марзи чаҳор аёлати ҷанубу ғарбӣ беш аз ду ҳазор сарбози Горди миллӣ ҷойгир карда шудаанд.

Президенти ИМА моҳи август хабар дод, ки барои бунёди девори мазкур дар марз аз 5 миллиард доллар аллакай 3,5 миллиарди он ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Трамп, бунёди девор дар баъзе аз минтақаҳо шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро то 90 дарсад коҳиш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG