Ба иттилои девони вазирони Ӯзбекистон, амалисозии ин навгонӣ аз фурӯши телефонҳои ғайриқонунӣ ва истифодаи дастгоҳҳои мобилии сабтношуда пешгирӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки сабти телефонҳо ройгон амалӣ мешавад ё бо пардохти маблағ.
Дар қарори девони вазирон аз 22 октябр омадааст, ки рақами IMEI дастгоҳҳои мобилӣ то 1 апрели соли 2019 бояд сабт шавад.
Ба муштариҳое, ки дастгоҳи мобилии сабтношударо истифода мекунанд, расонидани хизмати мобилӣ манъ мешавад.
Дар Қазоқистон сар аз аввали соли ҷорӣ сабти рақами IMEI телефонҳои мобилӣ шуруъ шуда буд. Қазоқистониҳое, ки то 1 январи соли 2019 телефонашонро сабт намекунанд, аз низоми алоқа берун мемонанд.