Ссылки доступа

Маҳаллаи "муаллақ" дар шаҳри Душанбе (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 11-уми декабри соли 2018. Зани тоҷик ба хотири куштори наберааш барои 18 сол зиндонӣ шуд, зиндагӣ бидуни сабти ном дар пойтахти Тоҷикистон, барқарор шудани нафақаи собиқ сарбози бемор баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ, пайравӣ ба завқи Рустами Эмомалӣ ва питса дар Кӯлоб. (видео)

- Назари сокинон дар бораи фаъолияти вакилони порлумон. Маоши вакилони Маҷлиси намояндагон аз 5 ҳазор ба наздики 6 ҳазор сомонӣ (ҳудудан 650 доллар) боло бурда шуд. Вакилон яке аз баландтарин маошҳоро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, аммо фаъолияташон ҳамеша мавриди интиқод қарор дорад. Cокинон дар бораи фаъолияти вакилони худ чӣ медонанд? (видео)

- Сабти номи 6000 "зани бадахлоқ" дар Тоҷикистон. Як омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шумораи танфурушонро дар соли ҷорӣ ҳазорҳо нафар нишон додааст. Қаблан ин ниҳод теъдоди дақиқи танфурӯшонро эълон намекард (видео)

- Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе. Манзили беш аз дуним аҳолии як маҳаллаи Душанбе беш аз ду даҳсола боз дар ҳеч куҷо сабтином нашуда ва “дар ҳаво муаллақ мондааст”. Сокинони ин хонаҳо ҳақ надоранд, ки худро дар манзили зисташон сабтином кунанд (видео)

- Айтматов дар аксҳои хонандагонаш 12 декабр зодрӯзи нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов аст. Дар ин маҷмуа ба шумо аксҳоеро пешниҳод хоҳем кард, ки қаблан нашр нашудаанд (нигористон)

- Дар Қирғизистон ба волидони бекори кӯдакони маъюб маош медиҳанд. (видео Настоящее время)

- Чаро мансабдорони Қазоқистон барои худ хона мехаранду мактаб намесозанд? Ниҳодҳои давлатии Қазоқистон тарҳҳои иҷтимоиеро, ки аз буҷаи давлат барои онҳо дар соли равон 28 миллиард танга -- беш аз 78 миллион доллар ҷудо шуда буд, иҷро накарданд. Баъзе аз мансабдорони давлатии қазоқ бо пулҳои буҷа барои худ қаср мехаранд. (видеои Настоящее время)

- Дар Фаронса донишҷӯён низ ба сафи эътирозгарон пайвастанд. (видеои Настоящее время)

- СИЗО бе низоми гармидиҳӣ - Қазоқистон ҳуқуқи зиндониёнро чи гуна риоя мекунад (видеои Настоящее время)​

- Президенти Фаронса дар пасманзари эътирозҳои сартосарӣ дар ин кишвар ба мардум муроҷиат кард (видеои Настоящее время)

- "Онҳо қурбонии сиёсати худ мешаванд". Вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ чи гуна тағйир кард (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG