Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон гази корхонаҳое, ки аҳамияти иҷтимоӣ надоранд қатъ мешавад


Дар Ӯзбекистон аз аввали моҳи декабр раванди қатъи интиқоли гази табиӣ ба корхонаҳое оғоз шудааст, ки аҳамияти иҷтимоӣ надоранд. Соҳибкорон мегӯянд, ба иллати набудани газ фаъолияти бештари корхонаҳо қатъ гашта, сокинон бе ҷои кор мемонанд.

Як соҳибкор аз ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд гуфт, гази табии корхонаи ӯро аз 9 декабр қатъ карданд. "Онҳо ҳатто қаблан огаҳ накарданд. Як гуруҳи махсуси нозирони газ омаданду гуфтанд, "фармон аз болост" ва газро қатъ карданд. Вале ҳеч гуна фармонеро нишон надоданд. Мо қарздор набудем, ҳамеша пули газро пешпардохт мекардем", - афзуд ӯ.

Як масъули Идораи гази Зангиота гуфт, гази тамоми корхонаҳои хусусии ноҳияро қатъ кардаанд. "Ба ҷуз аз мактабу, боғча ва беморхона, гази тамоми корхонаҳоро қатъ кардем. Ин корхонаҳо дар фасли зимистон дигар газ нахоҳанд гирифт ва ҳатто намедонем, ки интиқоли газ ба онҳо кай дубора сар мешавад", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Дар Идораи гази вилояти Тошканд низ тасдиқ карданд, ки интиқоли гази табиӣ ба корхонаҳои хусусӣ қатъ шудааст. Ба гуфтаи масъулони "Ӯзтрансгаз", интиқоли гази табиӣ ба тамоми корхонаҳои ин кишвар, ки аҳамияти иҷтимоӣ надоранд, қатъ карда мешавад.

Дар Ӯзбекистон маълумоти расмӣ дар бораи талаботи дохилӣ ба гази табииро нашр намекунанд. Ин кишвар тайи даҳ соли ахир аст, ки бо мушкили норасоии гази табиӣ рӯбарӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG