Ссылки доступа

Табибони Қарақалпоқистон баъди марги бемор низ аз наздиконаш хостаанд, дору биёранд


Дар Қарақалпоқистон омӯзгори 59-сола Аминбой Ниёзимбетов пас аз 14 рӯзи беҳушӣ дар беморхона даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, табибон ҳатто баъди марги ӯ низ аз онҳо хостаанд, ки дору ва ғизо биёранд.

Ниёзимбетов, ки дар яке аз коллеҷҳои ноҳияи Туртқул кор мекард, дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ сахт захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфт ва 22 ноябр, пас аз 14 рӯзи беҳушӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон дод.

Ҷияни Ниёзимбетов - Аҳмад ва бародараш Рашид мегӯянд, нирӯи барқи беморхона пайваста қатъ мешуд ва бемори онҳо зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ хоб буд.

Ба гуфтаи Аҳмад, тағои ӯ баъди 7 рӯзи беҳушӣ ҳаракат карданро оғоз карда, пас аз 10 рӯз чашмонашро боз кард. "Рӯзи 14-ум мо ба утоқи сардухтур даромада, гуфтем, агар лозим бошад, барои бемори худ аз Тошканд табиб даъват кунем. Вале ӯ моро ба утоқе бурд, ки тағоям онҷо бистарӣ буд. Вақте мо даромадем, пизишке, ки вайро муоина мекард, гуфт, бемори шумо ним соат пеш ҷон бохт", - афзуд ӯ.

Ба суоли Аҳмаду Рашид, ки "агар тағои мо ним соат шуд, ҷон додааст, чаро 15 дақиқа пеш барои ӯ ғизову дору хостед, табибон гуфтаанд, ки "ҳақ надорем, дар бораи марги бемор пеш аз ҳозир шудани кормандони пулис хабар диҳем. Бинобар ин, ба шумо чизе нагуфтем".

Муовини сардухтури ноҳияи Туртқул Рашид Раҷабов низ тасдиқ кард, ки барқи беморхонаҳои онҳо пайваста қатъ мешавад. Вале гуфт, ки дастгоҳи барқзо доранд. "Дар мавриди ҳаҷми иқтидори дастгоҳ гуфт, он танҳо барои шуъбаи ҷарроҳӣ аст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG