Ссылки доступа

Мансабдорони Қазоқистон маблағҳои буҷаро сари вақт харҷ накарданд (видео)


Почему чиновники Казахстана покупают себе дома, а не строят школы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

Дар Қазоқистон мақомоти давлатӣ 28 миллиард тангаеро харҷ накарданд, ки аз буҷаи давлатӣ барои барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногун ҷудо шуда буд. 28 миллиард танга муодили бештар аз 75 миллион доллар аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз мансабдорон дар вилоятҳои Қазоқистон аз ҳисоби маблағҳои буҷа барои худ хона харида, аммо маблағҳои барои вилоятҳо ҷудошударо харҷ накардаанд. Онҳо бовар доранд, ки то охири сол фурсати харҷи маблағҳои боқимондаро доранд.

Ануар Кумпекеев, раиси шаҳри Павлодар дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки соли ҷорӣ чанд майдончаи бозии кӯдакон сохта ва чанд дарахт шинондааст. Ба гуфтаи вай, барои ин корҳо аз буҷаи давлат 77 миллион танга (муодили 207 ҳазор доллар) харҷ кардааст. Ин мансабдор ёдовар нашуд, ки бо харҷи 50 миллион тангаи буҷа барои худ хона харидааст.

"Ҳокими вилоят харҷи манбалғҳои буҷаро ғайримақсаднок баҳо дода, дар робита ба харидани хона ба ҳокими шаҳри Павлодар танбеҳ эълон кард. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки хонаи ҳокими шаҳр ба чанд манзили хурдтар иваз ва манзилҳо ба ятимон тақсим шавад", - хабар дод сухангӯи ҳукумати вилояти Павлодар Азамат Байтенов.

Вазорати молияи Қазоқистон мегӯяд, 75 миллион доллари буҷа метавонист, дар сохтмони роҳҳову мактабҳо сарф шавад, аммо омилҳои дигар садди роҳи харҷи маблағҳо шудаанд. "Сабаби истифода нашудани маблағи буҷа - сари вақт иҷро нагардидани корҳо, фароҳам накардани хизматрасониҳо, таъмин нашудани маҳсулот аст", - гуфт Алихон Смаилов, вазири молияи Қазоқистон.

Дар ҳамин ҳол Жанар Ҷандосов, мудири маркази таҳқиқотии "Санҷ" мегӯяд, сарф нашудани маблағҳои буҷа омилҳои дигар дорад. Ба гуфтаи вай, соли молиявии мақомоти давлатӣ моҳи январ шуруъ мешавад, вале онҳо танҳо дар моҳи март буҷаро дарёфт мекунанд. Баъдан муассисаҳои давлатӣ барои анҷоми корҳо тендер эълон мекунанд, ки ин раванд фурсати зиёдро мегирад. Дар ниҳоят барои амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳо вақти кам боқӣ мемонад ва талаботи сокинон фаромӯш мешавад, мегӯяд Ҷандосов.

То охири соли молиявӣ дар Қазоқистон ҳамагӣ 12 рӯзи корӣ боқӣ мондааст. Аммо вазорати молияи Қазоқистон бовар дорад, ки мақомоти маҳаллӣ барои харҷи маблағи боқимонда фурсати кофӣ доранд.

XS
SM
MD
LG