Ссылки доступа

"Оптима Бонк": Пулҳои ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон тобистони соли 2017 мусодира шудаанд


"Оптима Бонк" расман тасдиқ кард, ки маблағҳои ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев дар сандуқҳои ин бонк нигаҳдорӣ мешуданд. Бонк хабар медиҳад, ки навори мусодираи маблағҳои Зилолиев як сол пеш сабт шудааст.

"Навори мазкур бештар аз як соли пеш дар чунин шароите сабт шудааст: муҳлати шартномаи муштарӣ бо бонк ба охир расид. Бар асоси дастури Бонки миллии Қирғизистон, кормандони бонк вазифадор буданд, ки сандуқи муштариро боз кунанд, маводи дохили онро берун оранд ва ҳамаи ин ҷараёнро дар навор сабт кунанд. Ва наворро ҳамроҳ бо маводи дохили сандуқ ба муштарӣ расонанд. Муштарӣ як моҳ пеш аз анҷоми муҳлати шартнома огоҳӣ гирифта буд, аммо барои дарёфти маводи дохили сандуқ ба бонк наомад. Ба ин тартиб, навори мазкур як сол пеш сабт шуда ва баъдан ба муштарӣ дастрас шуда буд", - омадааст дар хабари "Оптима Бонк" аз номи масъули бонк Наталя Мокина.

Вай тасдиқ кард, ки навор тобистони соли 2017 сабт шудааст. Ба гуфтаи Мокина, бонк дар паҳншавии навор даст надорад. "Бонк талаботи ҳифз ва нашр накардани иттилоъро қатъиян риоя мекунад", - афзуд Мокина.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 9 декабр дар бораи боздошт Дуйшенбек Зилолиев хабар дод. Мақомот ӯро дар ғайриқонунӣ додани иҷозаи коркарди кон айбдор мекунанд.

Ба иттилои мақомот, бар асоси эъломияи расмӣ, Зилолиев дар солҳои 2011 то 2016 ҳамагӣ 2,5 млн сом (бештар аз 35 ҳазор доллар) даромад доштааст. Даромади ҳамсари вай 408 ҳазор сом будааст. Аммо сарвати мансабдори пешин ба маротиб бештар аз рақамҳои расмӣ аст.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки то моҳи сентябри соли 2018 Зилолиев 889,9 ҳазор доллари берун аз эъломияашро дар яке аз бонкҳои тиҷорӣ нигаҳ доштааст. Навори ошкоршавии 889,9 ҳазор доллар 11 декабр нашр шуд.

XS
SM
MD
LG