Ссылки доступа

Дар Бишкек бемористони саратоншиноси дурӯғинро мебанданд


Пулиси шаҳри Бишкек табиб Ҳошим Зайналиевро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кард. Зидди ӯ бо банди "Табобати ғайриқонунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев 12 декабр дар ҷаласаи порлумон хабар дод, ки маркази тиббии Зайналиев баста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ин ниҳод аз Вазорати умури дохилии Қирғизистон 3 бор бастани марказро хоста буд.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Жилдиз Айгерчинова гуфт, онҳо барои баста шудани маркази тиббии мазкур тақрибан ба ҳамаи ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар муроҷиат карда буданд. Вале ниҳодҳои давлатӣ гуфтанд, ки Вазорати тандурустӣ ҷониби ҷабрдида нест ва наметавонанд чорае биандешанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш духтари 5-солае дар ҳолати вазнин ба Маркази миллии саратоншиносии Қирғизистон интиқол ёфт. Зайналиев дар маркази тиббии худ духтарчаро, ки ба бемории саратони хун гирифтор аст, табобат кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Идораи пулиси Бишкек навиштанд, ки волидони кӯдак аз шикоят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст кашиданд. Пулиси Бишкек 10 декабр хабар дод, ки зидди Зайналиев бо банди "Табобати ғайриқонунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG