Ссылки доступа

Волидону ду бародари гумонбар дар ҳамлаи Страсбург боздошт шуданд


Пулиси Фаронса наздикони гумонбар дар ҳамла ба ярмаркаи солинавии шаҳри Страсбургро боздошт кард. Волидон ва ду бародари ӯ ба ҳабс гирифта шуданд. Ба иттилои расонаҳо, дасти кам яке аз онҳо бо тундгароён робита дошт.

Худи гумонбарро беш аз 700 нафар ҳанӯз ҳам ҷустуҷӯ доранд. Дар Вазорати умури дохилии Фаронса гуфтанд, ки эҳтимол дорад, ӯ кишварро тарк карда бошад.

Шаби 11 декабр марди мусаллаҳе ба ярмаркаи солинавӣ дар маркази Страсбург ҳамла кард, ки 3 кушта ва 13 захмӣ бар ҷой гузошт. Пулис гуфт, ҳамларо сокини 29-солаи Страсбург Шеккат Шариф анҷом додааст. Ӯ 27 бор дар Фаронса, Олмон ва Швейтсария ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Чанд сол пеш низ барои дуздӣ дар Олмон зиндонӣ шуда буд ва ӯро ба Фаронса истирдод карданд.

Ҳодисаро Идораи мубориза зидди терроризми додситонии Порис тафтиш дорад. Дар саросари Фаронса чораҳои амниятӣ пурзӯр ва назорат дар марзҳо сахттар шудааст. Дар Страсбург баргузории ҳама гуна эътироз ва тазоҳуротро манъ карданд.

Бештари раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ин ҳодиса ба Фаронса ҳамдардӣ баён карданд. Дар Олмон гуфтанд, ки хадамоти махсуси ин кишвар ба ҳамтоёни фаронсавии худ кумак хоҳанд кард. Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамларо маҳкум карда, гуфт, назорат дар марзҳои кишвараш сахтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG