Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мехоҳанд, дар панҷ соли оянда шумори талоқҳоро 30% кам кунанд (видео)


В Казахстане хотят за пять лет снизить число разводов на 30%. Вот как это будет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:17 0:00

Ҳамасола дар Қазоқистон ҳар севумин никоҳ бо талоқ анҷом мешавад. Дар 10 соли охир дар он кишвар 1,5 миллион ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ин вазъро "буҳронӣ" унвон кард ва ба мансабдорон дастур дод, ки барои кам кардани шумори талоқ чораҷӯӣ кунанд.

Мансабдорон гузориш медиҳанд, ки барои иҷрои дастур омодаанд: сар аз соли нав зидди талоқ мубориза хоҳанд бурд. То кунун лоиҳаи қонуне таҳия ва ба порлумон фиристода шудааст, ки бояд дар панҷ соли оянда - то соли 2023 - шумори талоқҳоро 30 дарсад кам кунад.

Бино бар ҳуҷҷати таҳияшуда, дар саросари Қазоқистон марказҳои "тарбияи оиладорӣ ва кумак ба хонаводаҳо" боз хоҳад шуд. Дар ин марказҳо ба ҷуфтҳо, шуруъ аз лаҳзаи додани аризаи ақди никоҳ, машварат медиҳанд.

"Под прицелом навязывают, вот тебе жена, живи с ней": как в Чечне принудительно воссоединяют семьи
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

"Дар навбати аввал бояд бо ҷуфтҳои ҷавон, ки ақди никоҳ мебанданд, гуфтугӯ кард. Пеш аз он ки ақди никоҳ баста мешавад, бояд ба одамон фаҳмонд, ки никоҳ ин кори сода нест", - гуфт Дархан Калетаев, вазири рушди иҷтимоии Қазоқистон.

Ба ҷуз аз мансабдорон соҳибкасбони ихтисосҳои дигар ҳам шомили барнома шудаанд. Равоншинос Лимана Койшиева мегӯяд, ҳамаи онҳое, ки тасмими бастани ақди никоҳро доранд, бояд санҷиши созгориро гузаранд. "Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҷавонон ҳамдигарро намефаҳманд. Баъди чанде ошкор мешавад, ки ё мард намехоҳад кор кардан ё ҷониби дигар. Талабот зиёд мешавад, харҷҳо меафзояд - ва нофаҳмиҳо сар мезананд", - мегӯяд равоншинос.

Дар ҳоле, ки мансабдорон мегӯянд, "бо ҷуфтҳои ҷавон бояд кор кард", худи ҷавонон бар ин назаранд, ки онҳоро бояд бо сарпаноҳ таъмин кард. Маҳз мушкили моддӣ сабаби асосии фурӯрезии хонаводаҳо аст. Бештар аз 70 дарсади ҷуфтҳои ҷавон дар Қазоқистон мегӯянд, мушкили манзил доранд. 60 дарсади дигар гуфтанд, ба таври мудовим мушкили моддиро эҳсос мекунанд.

XS
SM
MD
LG