Ссылки доступа

"Ороиши мӯи Рустами Эмомалӣ" – Мӯди нав миёни ҷавонони тоҷик


Бархе аз ҷавонҳои тоҷик мехоҳанд, ки дар зоҳир ба шаҳрдори Душанбе монанд бошанд. Масъулони баъзе сартарошхонаҳои пойтахт гуфтанд, дар як рӯз дастикам то чаҳор ҷавон аз онҳо мехоҳанд, ки мӯи сарашонро ба мисли мӯи сари Рустами Эмомалӣ ороиш диҳанд.

Рамазон Розиқов, сокини ҷавони пойтахт, сари чанд вақт ба сартарошхона рафта, мӯи худро ороиши хос мекунад. Ин ороиши мӯй аз як тараф баланд буда, аз кунҷи чап як хати рост мегузарад ва ба ороиши мӯи сари Рустами Эмомалӣ монанд аст.

Рамазон бори аввал чунин тарзи ороиши мӯйро дар ҷашни арӯсии яке аз дӯстони наздикаш таҷриба кард ва баъди ин қарор намуд, чунин шеваи оростани мӯйро идома диҳад. Чунин зеб додани мӯй ба гуфтаи Рамазон бештар аз ҳама бо либоси расмӣ муносиб аст ва бисёр ҳамсолонаш ҳоло мӯйи худро ба ҳамин шева ба тартиб медароранд.

Устои сартарош хости муштарии ҳамешагии худ Асҳобиддин Шамсиддиновро хуб медонад. Ин донишҷӯйи соли панҷуми Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ҳафтае се дафъа барои зеб додани мӯяш ба ин сартарошхона меояд. Мегӯяд, вақте аз телевизион симои раиси шаҳрро мебинад, мехоҳад, ки мисли ӯ ороиши муносиби мӯй ва сарулибоси расмӣ дошта бошад.

Абдуллои сартарош, ки дар маркази шаҳри Душанбе кор мекунад, рӯзе мӯйсари аз 4 то 5 ҷавонро бо шеваи "ороиши Рустами Эмомалӣ" таҳия мекунад. Нархи ин навъи ороиши мӯй, ки каме заҳмати бештарро талаб мекунад, гаронтар аст.

Ӯ мегӯяд, "ин навъи ороиши мӯй ним соат вақт мегирад. Барои чунин ороиш мӯйи сари баланд хуб аст. Мӯйи камро намешавад чунин зеб дод. Ҷавонон меоянд ва аз мо мехоҳанд, ки чунин ороиш кунем, вале муйи сарашон паст аст. Намешавад. Ба онҳо мефаҳмонем, ки мӯйи сари худро баландтар карда, баъд оянд. Хоҳишмандони чунин навъи ороиш зиёд аст."

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017, дар 29-солагӣ, шаҳрдори Душанбе таъйин шуд, вале аз ин пеш ҷомеа ӯро нахуст ба ҳайси як ҳомии футболи миллӣ, раҳбари Хадамоти гумрук ва раиси Оҷонси мубориза бо фасод мешинохт.

XS
SM
MD
LG