Ссылки доступа

ИМА Ӯзбекистонро аз рӯйхати "кишварҳои мавриди нигаронии хос" берун кард


Департаменти давлатии ИМА 11 декабр гузориши солонаашро дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон нашр кард. Ӯзбекистон дар гузориши нав аз рӯйхати "кишварҳои мавриди нигаронии хос" хориҷ шудааст.

Ӯзбекистон бори аввал дар соли 2006, баъди якбора бад шудани вазъи озодиҳои динӣ дар ин кишвар ва зиндонӣ шудани ҳазорон диндор, шомили рӯйхат шуд.

ИМА Ӯзбекистонро дар як ҷатор бо Чин, Эритрия, Мянмар, Куриёи Шимолӣ, Судан, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷой медод.

Ҳамакнун дар гузориши нави Департаменти давлатии ИМА Ӯзбекистон кишваре баҳо дода шудааст, ки принсипҳои озодии диниро риоя мекунад.

Моҳи майи соли ҷорӣ Департаменти давлатии ИМА аз қадамҳои Ӯзбекистон дар самти беҳтар кардани озодиҳои динӣ истиқбол кард, аммо ҳамзамон эътироф кард, ки ин раванд ба кундӣ пеш меравад. Ба ин далел, Ӯзбекистон дар рӯйхати кишварҳои "маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ" боқӣ монд.

XS
SM
MD
LG