Ссылки доступа

Порлумон натавонист Тереза Мэйро барканор кунад


Тереза Мэй

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй раъйи эътимоди порлумонро ба даст овард. Ин раъйдиҳиро ҳамкорони вай аз Ҳизби консервативӣ ташкил карданд. Ба ҷонибдорӣ аз Мэй 200 вакил ва зиддаш 117 вакили порлумон раъй доданд.

Мэй сарвазири Бритониё боқӣ мемонад. Барои барканории сарвазир мухолифон ба 158 раъй ниёз доштанд.

То эълони натиҷаҳои раъйдиҳӣ Мэй ба ҳамҳизбонаш хабар дод, ки дар интихоботи навбатӣ, ки қарор аст, соли 2022 барпо шавад, номзадиашро пешбарӣ нахоҳад кард. Ба гуфтаи Мэй, аксари ҳамҳизбонаш намехоҳанд, ки сарвазири кунунӣ ҳизбро дар даврони маъракаи интихоботӣ роҳбарӣ кунад.

Мэй аз вакилон хост, ки ӯро барканор накунанд. Барканории вай, ба бовари сарвазир, мумкин буд ба нафъи мухолифон анҷом шавад ва монеи раванди хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо гардад.

Субҳи чаҳоршанбе эълон шуд, ки консерваторҳо барои раъйдиҳии нобоварӣ ба Тереза Мэй 48 овози лозимиро ҷамъ овардаанд. Вакилон аз сиёсати Мэй дар умури хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо розӣ нестанд.

Бритониё 29 марти соли 2019 аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ мешавад. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо созиши Брекзитро дар саммити 25 ноябр тасдиқ карданд. Ҳоло дақиқ нест, ки оё порлумони Бритониё созишномаро қабул хоҳад кард ё на. Раъйдиҳӣ 21 январ дар назар аст. Ҳукумат ба далели пуштибонии нокофии порлумон раъйдиҳиро ба таъхир гузошт.

Аксари аъзои порлумон аз қабули созишнома худдорӣ меварзанд - бархеҳоро шартҳои созишнома қонеъ намекунад, иддае мухолифи хориҷшавӣ ҳастанд ва раъйдиҳии такрорӣ талаб доранд. Мэй раъйдиҳии такрориро аз эҳтимол дур медонад.

XS
SM
MD
LG