Ссылки доступа

Бузургтарин ҷамоатхонаи исмоилиён дар Бадахшон боз шуд


Дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон яке аз бузургтарин “Ҷамоатхона ва Маркази Исмоилия” (Ismaili Jamaаtkhana and Centre) ифтитоҳ шуд. Рӯзи 12-уми декабр дар онҷо намози ҷамоа гузоштанд.

Ин бино, ки бо ҳимояти молии Оғохони чаҳорум (раҳбари пайравони мазҳаби исмоилия) ва харҷи 15 миллион доллар сохта шудааст, аз намозхонаву толорҳои иҷтимоӣ, биноҳои идорӣ ва синфхонаҳои таълимӣ иборат аст.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони чаҳорум, моҳи ноябри соли 2008, ҳангоми оғози сохтмони бино гуфта буд, ки "марказ сарфи назар аз қутбгирии идеяҳо, аз ҷумла идеяҳои динӣ, бояд барои муттаҳидӣ ва ҳифзи дарки мутақобил, сулҳу субот дар минтақа хидмат кунад."

Некрӯз, сокини шаҳри Хоруғ, рӯзи 13-уми декабр гуфт, “мардуми огоҳ имкон пайдо мекунанд, ки дар инҷо ҷавононро ба омӯзиши донишҳои муосир ва варзиш ҷалб кунанд. Ҳамчунин барои мардум ҷиҳати баргузор кардани маъракаҳои гуногун шароит фароҳам мекунад".

Беруни бино иморатҳои асримиёнагиро ба ёд меоварад, ки ба василаи сангҳои маҳаллӣ комилан бо ҳунари дастӣ коркард шудаанд. Аммо дар дохили бино мешавад шеваҳои муосиреро дид, ки аз намунаҳои суннатӣ таркиб ёфтаанд.

Дар намозгоҳ катибаҳо бо забони арабӣ ва сураҳои Қуръон вуҷуд доранд, ки намоди пойбандии ин мазҳаб ба усулҳои асосии Ислом мебошанд. "Даруни бино ғояи хонаи бузурги помириро ифода мекунад, ки дар даруни деворҳои худ як хонаводаи бузургро муттаҳид менамояд", - шарҳ дод меъмор.

Ҳудуди умумии марказ 1,3 га-ро ташкил медиҳад. Сохтори иморат аз се қисм иборат аст: Намозхона барои 1500 нафар, қисми маъмурӣ, ки китобхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои кориву синфхонаҳоро дар бар мегирад ва толори иҷтимоӣ, ки 450 нафар дар он мегунҷад.

Ризокороне, ки дар ин марказ кор мекунанд, мегӯянд, "ин ҷо нақша доранд, хонандагони мактабро дар риштаҳои риёзӣ, забони англисӣ, барномасозӣ ва ғайраҳо омода кунанд".

Марказ дар Хоруғ баъди Душанбе дувумин Маркази исмоилия дар Тоҷикистон ва ҳафтумин дар ҷаҳон мебошад, ки бар асоси тарҳҳои Бунёди Оғохон сохта шудаанд. Пештар чунин марказҳо дар Бритониё, Канада, Португалия, Имороти Мутаҳидаи Арабӣ бунёд шуда буданд.

Маркази исмоилияи Душанбе, ки соли 2009 сохта шуд, суннатҳои меъмории Осиёи Марказиро таҷассум мекунад ва тарроҳи ғайримуқаррарии он аз рӯйи тарроҳи мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG