Ссылки доступа

11 хонандаи қазоқ баъди дарси кимиё ба беморхона интиқол ёфтанд


Дар ноҳияи Енбекшиқазоқи вилояти Алматои Қазоқистон 12 декабр 11 кӯдак пас аз дарси кимиё дар мактаб бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Ба иттилои Идораи тандурустии Алмато, ба бунгоҳи тиббии деҳаи Қаракемер хонандагони синфи 7-и мактаби ба номи Оринбетов муроҷиат карданд. Дар дарси кимиё ҷамъан 27 хонанда ҳузур доштанд, вале танҳо 11 тани онҳо аз сардарду чарх задани сар ва дарди шикам шикоят кардаанд.

Дар рухсораву дастҳои баъзе аз хонандагон донача пайдо шудааст. Дар бунгоҳи тиббӣ ба хонандагон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, сипас ба Беморхонаи марказии ноҳия интиқол ёфтаанд.

Раҳбарияти мактаб мегӯяд, ҳамаи хонандагон аллакай дар хонаҳояшон ҳастанд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба мудири мактаб Шара Каликова навиштанд, ки хонандагон дар дарси кимиё бо фосфор таҷриба гузаронданд. Санҷиши сабабҳои нотобии онҳо идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳеч гуна заҳролудшавии кимиёӣ сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG