Ссылки доступа

Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Баъди ду ҳафтаи дигар генерал Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ба сафи докторони илми ҳуқуқ мепайвандад. Қарор аст, ки Раҳимзода рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос рисолаи докториашро ҳимоя кунад.

Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст. Рисолаи 582-саҳифаии Рамазон Раҳимзода ба доираи олимони ҳуқуқшинос тақсим шудааст.

Ин рисоларо дар Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасвиб ва барои ҳимоя ба Комиссияи олии аттестатсионӣ пешбарӣ кардаанд.

Абдураҳим Холиқзода – вакили порлумон ва собиқ раиси Кумитаи дин, Аида Куманалиева – устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Рамон Ромашев – профессори Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт-Петербург ба кори илмии Раҳимзода тақриз навиштаанд. Абдураҳим Холиқзода гуфтааст, "рисолаи муаллиф самти наверо дар консепсияи сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар соҳаи ҳимояи амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар илми ҳуқуқ боз мекунад".

Чун мавзӯи рисолаи доктории Раҳимзода амнияти иқтисодии Тоҷикистон аст, вазир ба буҳрони бонкҳо дар кишвар низ рӯ оварда, сабабҳои сар задани ин буҳронро зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, “мушкили саривақт бознагаштани қарзҳои бонкӣ дар кишвари мо, бинобар фаро расидани буҳрони байналмилалии молиявӣ сар зад, ки дар натиҷаи он шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ осемасар ба гирифтани қарзҳои калон пардохтанд. Ин боиси нокомии молиявӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ шуд. Кормандони масъули бонкҳо бидуни арзёбии рискҳо, баъзан вақт бо маслиҳати пешакӣ бе маҳдудият ба додани қарзҳо мусоидат кардаанд.”

Рамазон Раҳимзода дар ҳоле ба шарҳи омилҳои сар задани буҳрони бонкӣ рӯ меорад, ки инак чаҳор сол боз чаҳор бонки Тоҷикистон дучори буҳрон гашта, дар ин муддат ду бонк – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис эълон шуданд.

Дар идома вазир саҳми Вазорати корҳои дохилиро дар ҳалли буҳрони бонкӣ зикр кардааст, ки дар бозгардони қарзҳои муштариҳо ба бонкҳо кумак кардаанд.

"Танҳо дар соли 2017-2018 бо иштироки бевоситаи ҳайати кормандони фаврии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутшаккили ВКД ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни шахсони ҳуқуқиву воқеӣ (ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ)… 2 миллиарду 551 миллиону 837 ҳазору 216 сомонӣ қарзҳо ба чаҳор бонк боз гардонида шуд”, - афзудааст ӯ.

Рамазон Раҳимзода 7 сол боз вазири корҳои дохилӣ аст ва дар чанд ҷое аз рисолааш зикр кардааст, ки вазорат дар амри мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ рӯз ба рӯз шакл иваз мекунад ва ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.

Генерал Рамазон Раҳимзода дар баробари таълифи чанд китоби илмиву таълимӣ дар арсаи криминилистика ва кофтукоби фаврӣ, шеър ҳам менависад. Маҷмӯи шеърҳои Раҳимзода таҳти тахаллуси эҷодии Ниҳонӣ ба чоп расидааст.

Бархе аз шеърҳои вазир бо тахаллуси Ниҳонӣ дар саҳифаҳои матбуот ҳам ба чоп мерасанд. Як шеъри Ниҳонӣ бо номи "Ту меарзӣ"-ро, ки зоҳиран ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим бо духтараш Шабнам сароидаанд.

Раҳимзода ҳамчунин пйеса ва матни намоишномаҳои театрӣ низ эҷод мекунад. Моҳи августи имсол Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи асари Раҳимзода намоишномаи "Дили модар"-ро таҳия кард, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG