Ссылки доступа

Сенати ИМА: валиаҳди саудӣ масъули қатли Хошуқҷӣ аст


Сенати ИМА бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмонро масъули қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ эътироф мекунад.

Муаллифони қатънома аз Риёз даъват карданд, ҳамаи онҳоеро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад, ки дар қатли рӯзноманигор даст доранд.

Бино бар навиштаи расонаҳои амрикоӣ, таҳлилгарони Хадамоти марказии иктишофӣ ба хулосае расидаанд, ки қатли Хошуқҷӣ бе дастури мустақими валиаҳди Арабистони Саудӣ сурат нагирифтааст. Пештар аз ин ИМА нисбати 17 шаҳрванди Арабистон таҳрим ҷорӣ кард, ки эҳтимол меравад, ин афрод шомили ҳайати гуруҳи зудамали қатли Хошуқҷӣ ҳастанд.

Чанде аз вакилони амрикоӣ аз президенти ИМА Доналд Тромп хостанд, паёми мушаххас диҳад, ки Вашингтон чунин амалҳои Арабистони Саудиро таҳаммул нахоҳад кард. Трамп хулосаҳои Хадамоти марказии иктишофии Амрикоро печида унвон кард. Ба гуфтаи Трамп, муносибат бо Риёз барои Вашингтон аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва таъмини амнияти минтақаи Шарқи Наздик аҳамияти зиёд дорад.

Рӯзи панҷшанбе сенаторҳои амрикоӣ бо аксарияти овоз қатъномаи манъи ҳимоят аз Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононашро дар Яман қабул карданд. Арабистони Саудӣ дар Яман зидди гуруҳи мусаллаҳи хусиҳо меҷангад. Сенаторҳо дар пайи қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ ин қатъномаро қабул карданд.

XS
SM
MD
LG