Ссылки доступа

Дар Туркманистон минтақаҳои афзалиятдорро барои таъмин бо орд муайян карданд


Дар Туркманистон мақомот ба далели норасоии орду нон шаҳри Ишқобод ва вилоятҳои Балкану Ахалро ҳамчун минтақаҳои афзалиятдор барои таъмин бо орд муайян карданд.

Дар ин бора яке аз кормандони корхонаи орди вилояти Дашоғуз хабар дод.

"Баъзе минтақаҳое номбар шуданд, ки дар навбати аввал бояд бо орд таъмин шаванд. Ба минтақаҳои ба истилоҳ афзалиятдор Ишқобод ва вилоятҳои Ахалу Балкан шомиланд. Онҳо бояд пеш аз навоҳии дигар ва бо орди навъи якум таъмин шаванд. Вилоятҳои Марӣ, Дашоғуз ва Лебап вазифадор шуданд, ки худро бо орд таъмин кунанд. Ҳамчунин ин вилоятҳо орди навъи пастро мегиранд", - гуфт як мансабдори туркман ба шарти ифшо нашудани номаш.

Хабарнигори мо тавонист аз анбори корхонаи орд низ боздид кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар анбор миқдори зиёди орд нигаҳдорӣ мешавад. "Аз як масъули корхона пурсидам, ки чаро дар фурӯшгоҳҳо орд камчину дар анбори шумо ин қадар зиёд аст? Гуфт, раҳбарияти иттиҳодияи давлатии "Туркмангаллаонумлерӣ" ба онҳо дастур додааст, ки дар анборҳо бояд ҳамеша миқдори зиёди орд нигаҳдорӣ шавад, чун агар аз Ишқобод санҷиш биёянд, мушкиле эҷод нашавад", - изҳор дошт хабарнигор.

Хабарнигор мегӯяд, дар анбори корхона ба қадри кофӣ орде ҳаст, ки як муддат сокинони вилоятро таъмин кунанд. Вале ба илати "фармонҳои аҷибу ғариб"-и раҳбарият мушкили норасоии орд пеш омадааст.

Жители Дашогуза собираются в огромные очереди за хлебом
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:07 0:00

XS
SM
MD
LG