Ссылки доступа

Ҷалби занон ба ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҷалби занон ба ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон. Як созмони иҷтимоӣ дар вилояти Суғд барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон занонро ҷалб кардааст. Масъулони "Маркази имконият барои рушд" бовар доранд, ки агар занони минтақаҳои баҳсӣ бо якдигар забон биёбанд, фарзандону хонавода низ аз паси онҳо хоҳанд рафт. (видео)

- Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд. Хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд (видео)

- 90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд. Аз даҳ 9 нафар ё 90 дар сади занони шавҳардор дар Тоҷикистон мисли Дилором гоҳо ё пайваста аз ҳамсарони худ метарсанд. Ин натиҷаи як пурсиши Кумитаи Омор ва созмонҳои байналмилаллӣ аст (видео)

- Шариф Раҳимзода: Тоҷикистон ба мутахассисони улуми дақиқ ниёз дорад. Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон дар бораи камбуди мутахассисони улуми дақиқ изҳори назар кард, ки барои пешрафти Тоҷикистон ҳаётан зарур ҳастанд (видео)

- Волидони хонандаҳое, ки бо кӯдакони муҳоҷир таҳсил мекунанд, аз чи норозиянд. Аллакай се падару модар фарзандони худро аз мактаби № 141-и Москва ба дигар таълимгоҳ интиқол доданд. Сабаб хонандагони муҳоҷир аст. Омӯзгорон маҷбуранд, бештари вақтро ба шарҳи дарсҳо барои хонандагони мазкур сарф кунанд. Баъзе аз онҳо ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонанд. (видео аз Директ)

- Пино-нуари ӯзбекӣ? Нашунидаед? Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 60 ҳазор дарахт харид ва мехоҳад, шароб омода кунад. (видео)

- Жамшедбек Калилов: Бе мансабу ҷои кор намемонам. Жамшедбек Калилов сабаби аз мақоми вазири нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон истеъфо доданашро шарҳ дод. Муроҷиати ӯ 15 декабр расонаӣ шуд. (Видео бо забони қирғизӣ).

- Мақомоти рус зани тоҷикро гӯиё ба далели сохтакории ҳуҷҷат ба ихроҷ таҳдид доранд. (видео аз Директ)

- Президенти Қирғизистон вазиронро барои коррупсия ва кори бад танбеҳ дод. (видео аз Директ)

- Дар Қирғизистон фаъолони ҷамъиятӣ ба деҳаҳои дурдаст Интернет мебаранд ва зиндагиро дар онҷо тағйир медиҳанд (видеои Настоящее время)

- Қазоқҳои Эрон чи рӯзгоре доранд. Гуруҳи хурде аз қазоқҳо аз Мангишлак дар ибтидои асри 20 баъди хушкиҳову инқилобҳо дар ҳудуди шӯравии пешин, ба Эрон кӯчиданд. Онҳо дар вилояти Гулистони Эрон зиндагӣ ихтиёр карданд. Ҳоло шуморашон ба 3 ҳазор мерасад (нигористон)​

- Қазоқистон. Алексей Уткин. Рассоми дорои имкониятҳои бемаҳдуд.(Инфографика)​

- Ҷекшенқулов: Боқиев ба Дерипаска гуфт, бо Максим кор кунад. Дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" вазири пешини умури дохилии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов дар бораи таҷрибаи кори худ бо мақомоту мухолифон суҳбат карда, баъзе аз асрори он солҳоро ифшо кард. (видео)

- Обид Асомов - ҳаҷвнигори машҳур дар Тошканд даргузашт (видео)​

- Чи гуна гумонбари тирпаронии Страсбургро боздошт карданд. (видеои Настоящее время)

- Ончи дар бораи созиши Мария Бутина маълум аст. Русия талошҳо барои раҳоии Мария Бутинаи боздоштшударо дар ИМА идома медиҳад. Ӯ ахиран эътироф кард, ки ғайриқонунӣ ба нафъи ҳукумати Русия кор мекард. Дар бораи созиши вай бо муфаттишон чи маълум аст ва дар Москва ба ин чи гуна вокуниш нишон медиҳанд, дар инҷо бубинед. (видео)

- Дар Петербург аз ситоди Навалний барои поймол кардани сабзазор ҳангоми гирдиҳамоӣ, 11 миллион рубл талаб доранд (видео аз Директ)

- Дар ҷумҳурии Чех зидди интернет-тролҳои Русия мубориза мебаранд(видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG