Ссылки доступа

Дар Тошканд нахустин роҳпаймоии Бобоҳои барфӣ баргузор шуд


Посбонон ва фаъолони 505 маҳаллаи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон имсол дар чорабиниҳои солинавӣ бо либоси Бобои барфӣ иштирок хоҳанд.

Сомонаи Turon24 бо истинод ба сармутахассиси бахши тошкандии бунёди "Маҳалла" Алишер Ёрматов хабар дод, ки ин садҳо Бобои барфӣ дар доираи лоиҳаи "Соли нав дар маҳалла" омода карда шуданд.

Ҳамчунин дар бахши ӯзбекии шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки 16 декабр дар кӯчаҳои Тошканд садҳо Бобои барфӣ дида шудааст. Корбарони шабакаи иҷтимоии Telegram навиштанд, ки садҳо фаъоли маҳалла, посбон ва сокинони одӣ бо либоси Бобои барфӣ дар хиёбони марказии пойтахти Ӯзбекистон қадам мезаданд.

Раҳпаймоии Бобоҳои барфӣ дар Тошканд, 16 декабри соли 2018.
Раҳпаймоии Бобоҳои барфӣ дар Тошканд, 16 декабри соли 2018.

Бобоҳои барфӣ нахуст дар назди Қасри санъати "Дӯстии халқҳо" ва сипас дар наздикии меҳмонсарои Hyatt Regency мушоҳида шудаанд.

Ба иттилои бунёди "Маҳалла", Бобоҳои барфӣ дар рӯзҳои Соли нав ба хонаҳое хоҳанд рафт, ки дар онҳо шахсони маъюб, иштирокчии Ҷанги ҷаҳонии дувум ё аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд.

​Ҳамчунин аз 20 то 31 декабр дар биноҳои кумитаи маҳаллаҳо ва майдончаҳои кӯдакон маҳфилҳои солинавӣ баргузор карда хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, роҳпаймоии Бобоҳои барфӣ бори нахуст аст, ки дар Тошканд баргузор мешавад. Соли гузашта ин гуна роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон ва Алматои Қазоқистон сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG