Ссылки доступа

ИМА дар андешаи таслими Фатҳуллоҳ Гюлен ба Туркия аст


Президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои турки худ Раҷаб Эрдуғон гуфтааст, Вашингтон истирдоди руҳонии мухолиф Фатҳуллоҳ Гюлен ва як қатор ҷонибдоронашро ба Туркия баррасӣ дорад, ки Анқара онҳоро ба созмон додани табаддулоти нокоми давлатии соли 2016 айбдор мекунанд.

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ин суҳбати Трамп бо Эрдуғон ду ҳафта пеш, дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар Аргентина сурат гирифт.

Анқара солҳост, талош дорад, руҳонии мухолифи турк ва ҳамсафи пешини Эрдуғонро ба ватан истирдод кунад, ки ҳудуди 20 сол мешавад, дар ИМА кору зиндагӣ мекунад. Гюлен борҳо даст доштанашро дар табаддулоти ноком рад карда, ИМА низ ба иллати далелҳои нокофӣ аз таслими ӯ ба Туркия худдорӣ менамояд.

Пештар Трамп гуфт, истирдоди Гюленро бар ивази коҳиши фишорҳои дипломатии Туркия ба Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ баррасӣ надоранд.

Ба гуфтаи узви Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Билл Паскрелл, суҳбатҳо атрофи эҳтимоли таслими Гюлен ба Туркия аз "ҳусни таваҷҷуҳи Трамп ба худкомаҳо" дарак медиҳад. "Гюлен арзандаи он нест, ки дар талошҳои Трамп барои рӯйпӯш кардани нақши хонадони Оли Сауд дар қатли рӯзноманигор истифода шавад", - афзуд конгрессмен.

XS
SM
MD
LG