Ссылки доступа

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд


Пайваста бо эҳсоси тарсу ҳарос зиндагӣ кардан, хоси дастикам 40 дар сади занони тоҷик будааст.

Ҳар қадами Дилороми 40-сола таҳти назорат аст. Телефонаш бояд ягон лаҳза хомӯш набошад, сари вақт ба занг ҷавоб диҳад ва бидуни иҷоза ҷое наравад. Агар мабодо дар соати муайянкардаи шавҳар ба хона нарасид, тарс вуҷудашро фаро мегирад.

“Ҷое бароям агар ҳатман мепурсам, мегӯяд зуд биё, агар ҳолате пеш омаду дертар кардам, мегӯяд, дуруғ гуфтӣ. Дигар ҷо рафтӣ, духтур ё хонаи очаат набудӣ. Ман дар куҷое бошам, тарсида, давида-давида то хона меоям. Чанд бор қариб мошин дар роҳ маро мезад” - мегӯяд ӯ.

Сабаби аслии тарси Дилором на латукӯб, балки таҳдиди талоқи шавҳар аст. Дилором аз хонавайрон шудан метарсад. Барои ҳамин ӯ ахиран барои машварат ба як созмони кор бо занон муроҷиат кард. Мегӯяд, зиндагӣ бо тарсу ҳарос ва фишорҳо ба сиҳатиаш беасар намонд.

Аз даҳ 9 нафар ё 90 дар сади занони шавҳардор дар Тоҷикистон мисли Дилором гоҳо ё пайваста аз ҳамсарони худ метарсанд. Ин натиҷаи як пурсиши Кумитаи Омор ва созмонҳои байналмилаллӣ аст, ки муайян кардааст, 39 дар сади занон пайваста ва 51 дарсад гоҳҳо дар ҳолати тарсу ҳарос аз шавҳарони худ қарор доранд.

Ин пурсиш, ки дар доираи таҳқиқоти тибби демографӣ анҷом шуд, 8 ҳазор хонавода аз ҷумла 10 ҳазор занони аз 15 то 49-соларо фаро гирифтааст.

Мавзӯи тарсу ҳароси занон дар бахши хушунати хонаводагии ин пажуҳиши фарогир, дарҷ шудааст ва аксар заноне, ки аз шавҳарони худ метарсанд, гуфтаанд, ҳар амалии оддии онҳо метавонад боиси рашку ғазаби шавҳар мешавад.

Талоқу таҳқир ва лату куб аз омилҳои аслии тарси занон аз шавҳаронашон гуфта мешавад. Беш аз 30 дар сади занон мавриди хушунати ҷисмониву шаҳвонии шавҳарони худ қарор мегирифтаанд.

Як пажуҳиши созмони Алерт Интернешнл ҳам мегӯяд, шавҳарон бо кӯфтан, шаппотӣ задан, ҳақорату паст задан, беобрӯ кардан ва таҳдид ба талоқу назорати занони худ, мехоҳанд занонро тарбия ва зери итоати худ қарор диҳанд.

Ба бовари ҷомеашиносон занон бо дарки ҳуқуқу ҷойгоҳи худ дар хонавода бояд тавонанд эҳсоси ҳаросро аз худ дур кунанд ва роҳи дурусти ба роҳ мондани муносибати солим дар хонаводаро пайдо намоянд.

XS
SM
MD
LG