Ссылки доступа

Дар марзи Қазоқистону Қирғизистон динбонгоҳҳои нави марзӣ боз шуд


Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қазоқистон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбули ин кишвар дидбонгоҳҳои нави марзӣ боз шуданд.

Дар қисми низомии 2038 маҷмааҳои алоҳида бунёд ва дидбонгоҳҳои "Енбек" ва "Жасилтоб"-ро ба таври тантанавӣ боз карданд.

Ҳамчунин дар онҷо барои анҷоми машғулиятҳои омодагии ҷангӣ ва баланд бардоштани маҳоратҳои касбӣ бино ва сохтмонҳое пешбинӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG