Ссылки доступа

Соат ба ҷои нишон дар маркази Душанбе


Дар шаҳри Душанбе дар ҷойи нишони пешини Тоҷикистон сохтмони поя ва сутуни баландтарин соат дар пойтахти кишвар шурӯъ шудааст. Гуфта мешавад, ки сохтмони ин соатро як соҳибкори тоҷик сармоягузорӣ мекунад.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки дар канори сохтмони иншооти муосир намунаҳои фарҳанги гузаштаи тоҷикон низ бояд ҳифз карда шавад.

Дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе тӯли чанд рӯз аст, ки коргарон машғули таҳияи пояи соати 18-метрӣ ҳастанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе 17-уми декабр гуфт, ки феълан коргарон машғули сохтани поя ва тири соати бузурге ҳастанд.

Вай гуфт, "мутмаинам, ин соат ба зудӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор мегирад. Бояд таъкид кунам, ки сохтмони ин соат аз сӯи як соҳибкори тоҷик сармоягузорӣ мешавад. Исми ин соҳибкорро замони мавриди истифода қарор додани соат эълон мекунем".

Сохтмони ин соат дар майдони марказии Душанбе дар ҷое бунёд мешавад, ки қаблан дар ин маҳал поя ва сутуни нишони давлатии Тоҷикистони шӯравӣ қомат афрохта буд. Ин рамзи Тоҷикистони шӯравӣ танҳо ду сол қабл тахриб шуд.

Аммо, ба гуфтаи Ғафур Шерматов, таърихшиноси тоҷик, то соли 1949 дар ин маҳал муҷассамаи чаҳорметрии Иосиф Сталин, раҳбари мустабиди Иттиҳоди Шӯравӣ, ки қатли беш аз 20 миллион сокинони ин кишварро ба сиёсати истибдодии вай рабт медиҳанд, побарҷо буд.

Ба гуфтаи вай, чун танҳо дар шаҳри Душанбе 9 муҷассамаи "доҳии миллатҳо" вуҷуд дошт, тасмим шуд яке аз онҳо барчида шуда, дар ҷойи он нишони Тоҷикистони шӯравӣ гузошта шавад. Ҷаноби Шерматов ҳарчанд аз тасмими шаҳрдорӣ барои бунёди таъсисоти муосир пуштибонӣ мекунад, вале бар ин назар аст, ки ҳамзамон гузаштаи миллати тоҷик низ бояд ҳифз карда шавад.

Вай афзуд, "ман мухолифи сохтмони рамзҳои навин нестам. Вале, ҳамзамон бояд бинову таъсисоте, ки бозгӯи гузаштаи наздики миллати тоҷик аст, ҳифз карда шавад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто дар Рим нишонаҳои ҳамаи давраҳои таърихии ин шаҳр ҳифз шудаанд. Чаро мо бояд гузаштаи шӯравии худро аз байн бубарем? Ин ҳам таърихи тоҷикон аст".

XS
SM
MD
LG