Ссылки доступа

Омӯзгори ӯзбек дар латтукӯб ва қатли шогирд айбдор мешавад


Дар Ӯзбекистон волидони Мирҷамол Зокиров, хонандаи синфи 10-ум аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона мегӯянд, писари онҳо аз захме ба ҳалокат расид, ки омӯзгори фанни омодагии ҳарбӣ Мирвоҳид Мардонов ба ӯ расондааст. Ҳамдарсони Зокиров тасдиқ мекунанд, ки омӯзгор дар дарс ӯро латтукӯб карда буд.

Дилшод Мадраҳимов, падари мактаббачае, ки 26 ноябр ба ҳалокат расид, зидди омӯзгор Мардонов ба додситонӣ шикоят бурда, ӯро сабабгори марги писараш медонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фарғона гуфтанд, ки дар робита ба марги хонанда санҷиши пешакӣ анҷом шудааст. Вале падари Зокиров мегӯяд, мудири мактаб ва додситони ноҳиявӣ талош доранд, ҷиноятро рӯйпӯш ва парвандаро қатъ кунанд.

Сироҷиддин Кучкаров, мудири мактабе, ки дар он Зокиров таҳсил мекард, гуфт, ӯ беҳтарин хонанда буд. "Вақте ин ҳодиса дар мактаб рух дод, ман дар курсҳои такмили ихтисос будам. Марги Зокировро шунида, бисёр ҳайрон шудам. Вай аълочӣ буд. Аз омӯзиш баргашта, санҷиши дохилӣ анҷом додам ва бо омӯзгор Мардонов суҳбат кардам. Ӯ иқрор кард, ки он рӯз чанд хонанда, аз ҷумла Зокировро сарзаниш карда буд. Вале гуфт, ки хонандаҳоро сахт назадааст", - изҳор дошт мудир.

Вале яке аз ҳамдарсони Зокиров гуфт, он рӯз омӯзгори омодагии ҳарбӣ чандин хонандаи синфи 10-умро сарзаниш ва латтукӯб карда буд. "Аз зарбаи сахти омӯзгор Мирҷамол нафасгир шуд ва фардои он рӯз ба дарс наомад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Омӯзгор ба қафаси синаи писари ман сахт задааст. Писарам дар аввал ба ман нагуфт. Вақте нисфирӯзӣ аз дарс баргашт, дар хона аз ҳуш рафт. Ӯро зуд ба беморхона бурдам. Вале пизишк гуфт, ки ӯ аллакай ҷон додааст. Ман ба додситонӣ муроҷиат карда, хостам, омӯзгорро ба ҷавобгарӣ бикашанд", - изҳор дошт падари Зокиров.

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб кардааст, ки қабри писарашро боз кунанд ва ҷасади ӯро дубора аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронанд. Дар ҳоли ҳозир омӯзгор Мирвоҳид Мардонов ба кори худ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG