Ссылки доступа

Мастона пас аз айбдор шудан ба “нодухтарӣ” тасмим гирифт, корманди пулис шавад


Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки бо айби “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуда буд, мегӯяд, тасмим гирифтааст, ба Академияи милисаи Вазорати корҳои дохилии кишвар дохил шавад.

Ин сокини 21-солаи Балҷувон моҳи августи соли 2017 бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг арӯсӣ карда, ду рӯз пас бо айби “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд.

Мастона мегӯяд, давутозу муроҷиатҳои то ба ҳол бенатиҷаи онҳо барои барқарор кардани обрӯяш ва исботи онки нодухтар набуд, ӯро нашикастааст. Бараъкс, ӯро барои расидан ба орзуи кӯдакияш, ки нияти маъмури милиса шуданро дошт, наздиктар кард.

Ҳоло ӯ тасмим гирифтааст, ба Академияи милисаи ВКД дар шаҳри Душанбе дохил шуда, дар оянда ба духтароне кумак кунад, ки ба ин гуна ҳолатҳо гирифтор мешаванд. Падари Мастона Асомиддин Ҷалолов ваъда додааст, ки маблағи таҳсили духтарашро пайдо хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мастона, суханҳои шавҳараш дар ҳаққи ӯ туҳматанд. Вай ҳамроҳи падараш, ки феълан дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, талош доранд, шавҳари собиқаш барои туҳмат ва ҳамчунин латту кӯб дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Асомиддин Ҷалолов мегӯяд, дар давоми як сол дари 16 ниҳоди давлатиро кӯфт, аммо ҳеҷ ниҳод ва созмони ҳомии ҳуқуқ ва дигарон барои расидагӣ ба ин қазия изҳори омодагӣ накардаанд. "Дигар гиря намекунам ва дубора шавҳар низ карданӣ нестам. Мехоҳам корманди пулис шаваму ба занони дигар кумак кунам", - афзуд Мастона.

Мастона мегӯяд, бокира буд ва шавҳараш пас аз ҳамхобагӣ ӯро латтукӯб карда, маҷбур кард, ба гардан бигирад, ки қаблан бо нафари дигаре робита дошт. Волидонаш рӯзе, ки ӯро аз хонаи шавҳар ронданд, ба Маркази миллии судӣ-тиббӣ бурда, табибон низ тасдиқ кардаанд, ки вай пеш аз издивоҷ бокира буд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон то рафт дарднок мешавад. Марказҳои махсуси тиббӣ чунин саҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст.

СММ ахиран аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки санҷиши ҳатмии бакоратро пеш аз издивоҷ бекор кунад. Ба гуфтаи мутахассисони созмон, санҷиши бакорат як ҳолати бисёр таҳқиромез буда, ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

XS
SM
MD
LG