Ссылки доступа

CIT: дар Сурия боз як шаҳрванди Русия кушта шуд


Шаҳрванди Русия Александр Дудченко дар Сурия кушта шуд. Ин хабарро, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои минтақавии Астрахан нашр шуд, гуруҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team (CIT) рӯзи сешанбе тасдиқ кард.

Гуруҳ тавонист бо шахсе суҳбат кунад, ки ҳамроҳи Александр Дудченко дар як мактаб таҳсил мекард. Ӯ бо истинод ба наздикону пайвандони Дудченко кушта шудани вайро тасдиқ кард.

Расонаҳо аз Дудченко "чатрбози астраханӣ" ном бурдаанд ва якеашон навиштааст, ки ӯ ҳангоми кушта шуданаш хидматчии ҳарбӣ набуд. Бар пояи маълумоти саҳифаи Дудченко дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ 33 сол доштааст. Дудченко пештар дар бахши нирӯҳои ҳавоии Иванов хидмат кардааст.

Ба иттилои хабаргузории "Астрахан 24", Дудченко дар натиҷаи як тирпаронӣ ҷон бохтааст. Сомонаи Al Masdar навиштааст, ки ҳодиса дар шимоли Сурия, дар вилояти Латақия рух додааст.

Нирӯҳои Русия расман аз 30 сентябри соли 2015 дар задухӯрдҳои Сурия ба ҷонибдорӣ аз президент Башор Асад меҷанганд. Президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки сухан танҳо аз зарбаҳои ҳавоӣ меравад. Вале ба иттилои расмӣ, дар Сурия мушовирон ва пулиси низомии Русия низ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG