Ссылки доступа

Дар Туркманистон нахустин лейбли мусиқӣ таъсис шуд


Нахустин лейбли мусиқии туркманистонӣ Music Planet (ширкате, ки дар бозори мусиқӣ фаъолият мекунад), консерташро дар маркази мусиқиву синамои "Туркманистон" баргузор мекунад. Ин чорабинӣ 23 декабр дар назар дошта шудааст.

Тавре Фергана.ру хабар медиҳад, лейбли Music Planet аз сӯи Ҷамъияти мусиқии Туркманистон 17 ноябри соли ҷорӣ таъсис шудааст. Ҳадафи фаъолияти ин лейбл ҷалби ҷавонони ҳавасманд ба санъати мусиқӣ ва муаррифии номҳои нав дар саҳнаи мусиқӣ унвон шудааст.

"Бо назардошти он ки дар Туркманистон чунин лейбл вуҷуд надошт, мо хостем, ки нахустин шуда онро таъсис диҳем", - гуфт пардозгари тарҳ Дмитрий Осипов.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ҷавонони зиёде ба ин тарҳ таваҷҷуҳ кардаанд.

Дар Туркманистон, ки ҳамаи бахшҳо шадидан назорат мешаванд, пардозгарии ғайридавлатӣ ҳамакнун эҳё мегардад. Дар бораи нахустин намоишномаи театри хусусӣ дар моҳи июни соли 2018 ҳамчун дар бораи дастоварди бузурге хабар дода шуда буд.

Моҳи августи соли ҷорӣ президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамаи ҳайати комисияи назораткунандаро иваз кард. Гуфта мешуд, ки президент "ба фаъолгардонӣ ва гуногунсозии кори ин бахш, пайдо кардани истеъдодҳои нав дастур додааст".

XS
SM
MD
LG