Ссылки доступа

Фармондеҳи пешини тоҷик Саъдӣ Холмуродов бедарак шудааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 18-уми декабри соли 2018. Нопадидшавии фармондеҳи собиқ Саъдӣ Холмуродов, баррасии тақдими осонтари шаҳвандии Русия дар Думаи давлатии ин кишвар, ёде аз ҳаҷвнигори шодравони узбек Обид Асомов, кори дандонпизишкон дар шароити нав ва ҳосили имсолаи лимӯ дар вилояти Хатлон. (видео)

- Дарёфти шаҳрвандии Русия осонтар мешавад (видео)

- "Дандон меканед? Ба бемористони давлатӣ равед". Дар пайи сахттар шудани меъёрҳои беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ва даст кашидани дандонпизишкиҳо аз кандани дандони муштариён бархе аз корбарни шабакаҳори иҷтимоӣ вазоратро ба кушиши зери инҳисор даровардани ин хадамот ва ё монополияи он айбдор кардаанд (видео)

- Дар Душанбе тамоми як ноҳия 20 сол аст, наметавонанд, ҳуҷҷати манзилҳои худро дуруст кунанд. (видео Настоящее время)

- Соли муваффақи лимӯпарварон дар Хатлон. Соли 2018 барои лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун муносиб омад. Дарахтҳои сермеваи гармхонаҳо мунтазири харидор ҳастанд ва мусаллам аст, ки аксари ин меваҳои хуштамъ то бозори Русияву Қазоқистон бурда мешаванд. Лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳудуди 125 гектар лимӯ парвариш кардаанд, интизор доранд, ки беш аз 3,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст меоранд. (видео)

- Ончи дар бораи куштори Ҷамол Хошуқчӣ маълум аст. Дар бораи куштори рӯзноманигори саудӣ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон чиро медонед? (видео аз Директ)

-Волидоне, ки фарзандонашон бо "муҳоҷирбачаҳо" таҳсил мекунанд, аз чӣ норозиянд? (видеои Настоящее время)

- "Дасти кам ҳар рӯз як бор бо пулис рӯбарӯ мешавем": дар Русия "шикор"-и муҳоҷирон аз сар гирифта шуд. (видеои Настоящее время)

- Эътирозҳои Телавӣ ба савгандёдкунии Саломе Зурабишвилӣ. Дар рӯзи савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Гурҷистон дар даромадгоҳи деҳаи Мукузанӣ, ки роҳ ба Телавӣ аз он убур мекунад, миёни мухолифон ва кормандони пулис задухӯрд сурат гирифт. (видео аз Директ)

- Баъд аз озори ҷинсӣ. Дар Қирғизистон хадамоти кирокашии занона роҳандозӣ шуд (видео). ​

- Захми бедавои Жанаозен. Саргузашти Кайрат Досмагамбетов. (видео аз Қазоқистон)

-- Сари-Чаган: шаҳри холишудаи Қазоқистон, ки онҷо мушакҳои ҳастаӣ озмоиш мешуд (видеои Настоящее время)​

- Волидони хонандаҳое, ки бо кӯдакони муҳоҷир таҳсил мекунанд, аз чи норозиянд. Аллакай се падару модар фарзандони худро аз мактаби № 141-и Москва ба дигар таълимгоҳ интиқол доданд. Сабаб хонандагони муҳоҷир аст. Омӯзгорон маҷбуранд, бештари вақтро ба шарҳи дарсҳо барои хонандагони мазкур сарф кунанд. Баъзе аз онҳо ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонанд. (видео аз Директ)

- Дар канораи Остона деҳае бе қубури об ва роҳ сохта шудааст (видеои Настоящее время)- Путин лавҳаҳои берунӣ бо қурби асъорро манъ кард. (нигористон)​

- Мудири Сирки калони Москва ба Путин аз Cirque du Soleil шикоят кард. Мудири Сирки калони Москва Эдгард Запашний ваъда дод, мушкил бо "Cirque du Soleil"-и канадагиро "ҷиддӣ" хоҳад гирифт. Зидди он ва соҳибкор Михаил Гутсериев ба Путин шикоят кардааст. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG