Ссылки доступа

Департаменти давлатии ИМА фурӯши маҷмааи мушакии "Патриот"-ро ба Туркия иҷозат дод


Департаменти давлатии ИМА фурӯши маҷмааи мушакии "Патриот"-ро ба Туркия иҷоза дод. Арзиши ин муомила 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар додааст.

Анкара дархости харидани чаҳор маҷмааи мушакиро бо 20 дастгоҳи партобкунанда ва 80 шабакаи зиддимушакӣ карда буд. Соли 2017 Туркия бо Русия барои харидани маҷмааи мушакии С-400 шартнома имзо кард. Қарор аст, ин додугирифт сар аз соли 2019 оғоз гирад.

Намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Туркияро огоҳ карданд, ки маҷмааи зиддимушакии истеҳсоли Русия набояд дар ҳарими ҳавоӣ ва низоми мудофиаи НАТО кор бурда шавад. Вашингтон талош кард, Анкараро ба харидани маҷмааи зиддимушакии "Патриот" ҷалб созад. ИМА гуфта буд, харидани силоҳ аз Русия метавонад, боиси эълони таҳримҳои зидди Туркия шавад. Аммо мақомоти Туркия посух доданд, ки маҷмааи зиддимушакии амрикоӣ бо маҷмааи зиддимушакии С-400 Русия баробар шуда наметавонад.

Охири моҳи ноябр вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки созишномаи харидани маҷмааи зиддимушакии С-400 наметавонад, бекор шавад. Дар ҳамин ҳол вай шарҳ дод, ки кишвараш ба харидани аслиҳа аз ҳампаймонони Туркия дар НАТО бартарӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG