Ссылки доступа

ИМА бурунрафти нирӯҳояшро аз Сурия расман эълом кард


ИМА расман эълом кард, ки нирӯҳои низомии худро аз Сурия мебарорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кохи сафед Сара Сандерс иттилоъ дод.

Хабаргузории Reuters навишт, ки кормандони Департаменти давлатии ИМА дар як шабонарӯз аз Сурия бароварда хоҳанд шуд. Манбаъ мегӯяд, Вашингтон нақша дорад, ки нирӯҳояшро дар давоми аз 60 то 100 рӯз барорад. Дар Сурия беш аз 2 ҳазор сарбози амрикоӣ қарор доранд.

19 декабр президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки нирӯҳои кишвараш гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар Сурия шикаст доданд.

Трамп гуфт, сабаби асосии ҳузури низомиёни ИМА дар Сурия амалиёти низомӣ зидди ДИ буд.

Bloomberg бо истинод ба намояндаи расмии Вашингтон хабар дод, ки фармони берун овардани тамоми нирӯҳои ИМА аз Сурия имзо шудааст.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон моҳи сентябр гуфта буд, то Эрон нирӯҳояшро аз Сурия берун набарад, сарбозони амрикоӣ ин кишварро тарк нахоҳанд кард.

Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА мубориза бо тундравонро дар Сурия соли 2014 оғоз кард. Эътилоф аз нирӯҳои мухолифи демократии Сурия ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG