Ссылки доступа

Вазири кишоварзии Қирғизистон: дар Ӯзбекистон мушкили фурӯши картошка сар намезанад


Нурбек Мурашев, вазири кишоварзии Қирғизистон дар мавриди бархе аз ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодие хабар дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони вилоятҳои наздимарзии Ӯзбекистону Қирғизистон дар шаҳри Ӯш баррасӣ шудаанд.

"Мо бо содироти картошкаи Қирғизистон ба Ӯзбекистон мушкил доштем. Мо ин масъаларо баррасӣ ва ҳал кардем. Ҷониби Ӯзбекистон ба мо номгӯи 45 муассисаеро пешниҳод кард. Ин номгӯ метавонад ба 70 расад. Акнун дар фурӯши картошка мушкиле сар нахоҳад зад. Дар марҳилаи кунунӣ мо тасмим гирифтем, ки техникаи кишоварзиро аз Ӯзбекистон харидорӣ кунем", - гуфт вазири кишоварзии Қирғизистон.

Ба ҷуз ин, созиш ҳосил шудааст, ки Ӯзбекистон маҳсулоти корхонаҳои сементи ҷануби Қирғизистонро харидорӣ хоҳад кард.

Шуҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқот бо соҳибкорони вилояти Ӯши Қирғизистон дар ҳаҷми 5 миллион доллар шартнома баста шудааст. "Гардиши мол миёни Қирғизистон бо танҳо вилояти Андиҷон ба 95 миллион доллар расидааст. Мо дар ҳаҷми 5 миллион доллар як шартномаи дигар бастем", - гуфт Абдураҳмонов.

Шӯрои роҳбарони вилоятҳои наздимарзии Ӯзбекистону Қирғизистон моҳи сентябри соли 2017 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG