Ссылки доступа

Ҷуфтҳои ҷавони тоҷик пеш аз издивоҷ ба суоли равоншиносон посух мегӯянд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 19 декабри соли 2018. Ашёи фармондеҳи собиқ аз қаъри рӯди Вахш ёфт шуд, вале аз Саъдӣ Холмуродов то ҳол дараке нест, арӯсӣ баъди иҷозати равоншинос, мухолифат ба "қонуни ғуломӣ" дар Маҷористон ва чаро русҳо намехоҳанд, фарзандонашон бо атфоли муҳоҷирон ҳамсинф бошанд? (видео)

- Дар чиллаи зимистон дар Данғара гули бодом шукуфт. Зимистони имсол ҳавои Тоҷикистон, ба вижа ҳавои вилояти Хатлон, аз меъёр баландтар аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон шоҳиди он шуданд, ки 18-уми декабр дар ноҳияи Данғара гули бодом шукуфта буд (видео)

- Равоншиносон пеш аз издивоҷ ба ҷуфтҳо машварат медиҳанд. Ҷуфтҳои ҷавон дар Душанбе қабл аз издивоҷ ба чанд суоли равоншиносу ҳуқуқшиносон посух мегӯянд ва машварат мегиранд. (видео)

- Мушаррафа Қосимова --"модари театри тоҷик" 100-сола шуд. Қосимова, ба гуфтаи соҳибназарон "модари театри тоҷик", рӯзи 19-уми декабр садсола шуд. Ба бовари санъатшиносон, хонум Қосимова тавонистааст бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад. (видео)

- Эътирозгарони маҷористонӣ "қонуни ғуломӣ"-ро қабул надоранд (видео)

- Ҷилои ситораҳои ҳунари тоҷик дар саҳнаҳои маҷозӣ. Соли 2018 аксар таронаҳои наву тозаи ситораҳои тоҷик на аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ, балки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоиву интернет ваё озмуну ҷашнвораҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ шуд (видео)

- Осия Сасиқбоева: ногаҳон мардакҳои сабзе пайдо шуданд. Дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" муовини раиси Ҳизби "Ота-Макон"-и Қирғизистон Осия Сасиқбоева ҷузъиёти ҷолиби рӯзҳои таърихии 6-7 апрели соли 2010-ро ошкор кард. (видео)

- Ҷавонони тоҷикро гуруҳӣ ба тамошои филм дар бораи Раҳмон ва мухолифони солҳои 90-ум мебаранд. (видео аз Директ)

- Волидоне, ки фарзандонашон бо фарзандони муҳоҷирон таҳсил мекунанд, аз чӣ норозӣ ҳастанд? (видеои Настоящее время)

- Намаки Қрим барои ҳамсари Песков. Ҳамсари сухангӯи президенти Русия Татяна Навка яке аз моликони ширкати "Галит" аст, ки дар халиҷи Сиваш намак истехроҷ мекунад. (видео аз Директ)

- Ҷээнбеков дар бораи сиёсат ва фасодкорӣ. Сооронбой Ҷээнбеков нахустин нишасти хабарии худро ҳамчун президенти Қирғизистон дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" баргузор кард. (видео аз Директ)

- Баъди озору азият. Дар Қирғизистон хадамоти кирокашии занона роҳандозӣ шуд (Видео). ​

- "Инқилоби махмалин" дар Арманистон: аз оғоз то анҷом. Маҷаллаи The Economist Арманистонро "кишвари сол" эълом кард. (видео аз Директ)

- Чаро Украина зодрӯзи Бандераро ҷашни миллӣ эълом кард. Дар Лаҳистон, Исроил ва Русия мақомоти украинро барои қаҳрамонсозии Бандера интиқод доранд. (видео аз Директ)

- Чи гуна дар Русия банди "экстремистӣ"-и Кодекси ҷиноиро сабуктар карданд. (видеои Настоящее время)

- Қазоқистон ва Туркманистон ба силоҳ чӣ қадар харҷ карданд? Қазоқистон соли 2017 аз рӯи харҷҳо ба харидории силоҳ дар ҷаҳон мақоми 34-умро касб кард. Ин кишвар бар ивази 452 доллар силоҳ ворид кардааст. Дар мақоми аввал Арабистони Саудӣ меистад. (Инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG