Ссылки доступа

Додситонии кул: Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон аст


Муовини додситони кулли Ӯзбекистон Эркин Юлдошев рӯзи чаҳоршанбе дар як нишаст дар шаҳри Тошканд гуфт, духтари калонии президенти пешин Гулнора Каримова дар ҳоли ҳозир, муҳлати ҷазояшро дар ин кишвар адо мекунад.

"Гулнора Каримова муҳлати ҷазоеро, ки додгоҳ муқаррар кардааст, дар ҳудуди Ӯзбекистон адо мекунад", - изҳор дошт Юлдошев.

Ӯ ҳамчунин рафти баррасии парвандаҳои марбут ба додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров ва муовини аввали пешини раиси Кумитаи андози ин кишвар Абдусалом Юлдошевро шарҳ дод.

"Тафтиши парвандаи Рашид Қодиров дар ҳоли анҷомёбист. Раҳбарони кишвар чанд бор гуфтанд, ки натиҷаи тафтиши парвандаи ӯ муфассал ба сокинон шарҳ дода мешавад. Аз рӯз ва ҷойи баргузории мурофиаҳо низ хабар хоҳем дод", - афзуд вай.

Ба гуфтаи муовини додситони кулли Ӯзбекистон, тафтиши парвандаи Абдусалом Юлдошев идома дорад. Ӯ охирҳои моҳи май дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон боздошт ва ба шаҳри Тошканд оварда шуд.

Мансабдорони ӯзбек ҳафтаи гузашта хабар доданд, тафтиши парвандаи Қодиров ва 24 касе, ки дар доираи он боздошт шуда буданд, ибтидои моҳи равон ба поён расидааст. Манобеъ гуфтанд, ба вакилони дифоашон то 25 декабр вақт доданд, ки бо парванда ошно шаванд.

XS
SM
MD
LG