Ссылки доступа

Путин: хатари ҷанги эҳтимолии ҳастаиро набояд нодида гирифт


Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки хатари ҷанги эҳтимолии ҳастаиро набояд нодида гирифт. Вай хориҷшавии ИМА-ро аз Созиши маҳви мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз танқид ва эътироф кард, ки ҳар ду кишвар пойгаи мусаллаҳшавиро идома медиҳанд.

Дар 41-умин нишасти хабариаш президенти Русия гуфт: "Мо шоҳиди фурӯ рехтани низоми байналхалқии пешгирӣ аз мусаллаҳшавӣ ҳастем. ИМА аз созише хориҷ шуд, ки мисли "санги нугтез" буд. Ва мо ҳам "маҷбур будем" пойгаҳро шуруъ кунем ва ҳатто пеш гузаштем. Аммо ин баробаршавӣ аст! На зиёдтар аз ин. Онҳо аз созишномаи дигар хориҷ мешаванд. Мо бояд чи кор кунем? Бигзор дар оянда нанависанд, ки мо бартарӣ меҷӯем".

Нишасти хабарии Путин бо баёни оморҳои кутоҳ шуруъ шуд: дар Русия ҳама чиз олист, лоиҳаҳои миллӣ бароямон зарурӣ ҳастанд, зеро "ба пешрафт ниёз дорем". Маблағро бе ҳеч баҳонае набояд тақсим кард, тақсим бояд тавассути лоиҳаҳои миллӣ сурат гирад.

Президенти Русия дар посух ба суоли рӯзноманигори украин Роман Симбалюк, ки дар Донбасси ишғолӣ чи қадар маблағ сарф мекунед, гуфт, "мақомоти Украина муҳосираи иқтисодӣ намуда, шаҳрвандони худро мепаронанд. Мо "сулҳ ва шукуфоӣ"-ро мехоҳем".

"Бо табодули асирони низомӣ "ҳамеша машғулем". Масъалаи табодули маллоҳони боздоштшудаи украин дар тангнои Керч пас аз ба поён расидани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ хоҳад шуд", - афзуд Путин.

XS
SM
MD
LG