Ссылки доступа

Фаъолони боздоштшудаи қазоқ кормандони пулисро ба ҷавобгарӣ кашиданианд


Задержанные 16 декабря в Казахстане пытаются привлечь к ответственности полицейских
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:00 0:00

Бист сокини шаҳри Остона, ки 16 декабр, дар Рӯзи истиқлоли Қазоқистон боздошт шуданд, талош доранд, кормандони пулисро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Даҳ нафари онҳо аллакай зидди кормандони пулисе, ки онҳоро 16 декабр дастгир карданд, ба додситонӣ шикоят бурдаанд. Боздоштшудаҳо мегӯянд, кормандони пулис онҳоро танҳо барои он дастгир карданд, ки мехостанд, дар назди муҷассама гул гузошта, дар ҳаққи қурбониёни 16 декабри соли 1986 ва ҳодисаи Жанаозен дар соли 2011 дуо кунанд.

Руслан Жамӣ яке аз боздоштшудаҳои 16 декабр дар Остона аст. Ба гуфтаи Жамӣ, ӯ танҳо мехост, дар назди муҷассама гул бигузорад.

"Дар чорроҳаи Абай маро дастгир карданд. Барои он боздошт карданд, ки дар даст гул доштам. Нагузоштанд, ки гулҳоро дар назди муҷассама монам. Маҷбур шудам, гулҳоро дар чорроҳа гузорам", - афзуд ӯ.

Кормандони пулис дар баробари боздоштшудаҳои дигар телефони ҳамроҳи Руслан Жамиро низ гирифтаанд ва то ҳол барнагардондаанд.

Чаҳор фаъоли дигари Остонаро пулис дар назди муҷассамаи Ватан-Модар дастгир кард. Мақомот одатан дар ҳамин ҷо маросими расмии марбут ба Рӯзи истиқлол ва ҷашнҳои дигарро баргузор мекунанд. Бино ба фарзияи пулис, фаъолон ин бор гӯиё қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз карданд ва бинобар ин, ба шуъба интиқол дода шуданд.

Дар шуъбаи пулис ба бархе аз боздоштшудаҳо қароре додаанд, ки эҳтимол аст, онҳо дар тазоҳуроти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" иштирок кунанд.

Дар додситонии Остона аз аз фаъолон хостанд, ки дархости расмӣ фиристанд. Ба гуфтаи масъулони додситонӣ, ҳалли ин қазия вақт мехоҳад.

XS
SM
MD
LG