Ссылки доступа

"Ӯзбекконсерт" намоиши намоҳанги "Селфӣ бо президенти худ"-ро иҷозат надод (видео)


Шӯрои ҳунарии Муассисаи давлатии “Ӯзбекконсерт” ба намоиши намоҳанг ё клипи суруди узви гуруҳи “Боҷалар” Ҷаҳонгир Фозилҷонов, ки бо номи “Селфӣ бо президенти худ” таҳия шудааст, расман иҷозат надод. Вале ба ин нигоҳ накарда, намоҳанг аз 19 декабр дар телевизиони ZO’R-TV намоиш дода мешавад.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, намоҳанги суруди Фозилҷонов – "Селфӣ бо президенти худ" бидуни иҷозати расмии ниҳоди дахлдор ба воситаи телевизиони ZO’R-TV намоиш дода мешавад.

Дар Ӯзбекистон аз моҳи июли соли 2017 ба сарояндаҳо манъ карда шудааст, ки худсарона намоҳангҳои худро, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд. Онҳо бояд пеш аз нашр ё намоиш дар ТВ иҷозатномаи Шӯрои ҳунарии “Ӯзбекконсерт”-ро дарёфт кунанд.

Фозилҷонов дар аввали намоҳанг бо чаҳор фарзанди худ ба тамошобинон чунин муроҷиат мекунад, "Имрӯз ман бо фарзандҳоям мехоҳам, бо президенти худ селфӣ гирам. Агар шумо ҳам ба иқдоми мо пайвандед, силфӣ гирифта, бо хэштеги "Селфӣ бо президенти худ" дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр кунед. То дидор дар Интернет!”.

Намоҳанг аз аввал то охир селфиҳои сарояндаи ӯзбекро бо акси президенти Ӯзбекистон нишон медиҳад. Бештари блогер ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ намоҳанги мазкурро танқид кардаанд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта “Ӯзбекконсерт” иҷрои таронаҳоро дар ҳаққи президенти ин кишвар манъ карда, гуфта буд, ки ворид кардани симо ё порчаҳои видеоии шахсиятҳо ва махсусан раҳбари давлат ба тарона ва клипҳо ба меъёрҳои ахлоқу одоб созгор нест.

Ин тасмим баъди он гирифта шуда буд, ки овозхони 49-сола Дилфуза Исмоилова дар суруди нави худ “Саломат бошад султони ин мулки зебо” президент Шавкат Мирзиёевро “сояи Худо дар замин” номид.

XS
SM
MD
LG