Оразгелдиев рӯзи 17 декабр гуфт, дар вилоятҳои Ахал, Лебап, Марӣ ва Дашоғуз ҷамъоварии пахта дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи вай, то имрӯз дар Туркманистон 1 миллиону 99 ҳазор тона пахта ҷамъоварӣ шудааст. Сокинон низ дар суҳбат бо расонаҳо тасдиқ карданд, ки ҷамъоварии пахта ҳанӯз идома дорад.
"Дар киштзорҳо пахта намондааст. Аммо роҳбарон дастур доданд, ки то охирин нахаш пахта ҷамъоварӣ шавад. Болои ин роҳбарон мегӯянд, мумкин аст, пахтаи моро корхонаҳо қабул накунанд. Дар чунин ҳолат, пахтаи ҷамъоваришударо бояд бо ҳосили соли оянда супоранд", - гуфтанд кишоварзон.